Тоҷикистонӣ дар Маскав барои қочоқи аслиҳа ҳукм гирифт

© ФСБ РФСотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2023
Обуна шудан
Бар асоси қарори Додгоҳи шаҳри Маскав як зодаи Тоҷикистон барои содир кардани чанд чанд ҷиноят дар русия ба 13 соли зиндон мҳкум шуд
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар Маскав як зодаи Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шуд.
Бар асоси қарори додгоҳи шаҳри Маскав ӯ 13 солро дар колонияи низомаш шадид сипарӣ кард.
Дар ин бора ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти додгоҳ хабар медиҳад.
Бар хабари манбаъ, мавсуф дар вилояти Маскав ба соҳибкорӣ машғул буда, дар хиёнат ба давлат ва кӯшиши қочоқи аслиҳа гунаҳкор дониста шуд.
"Бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Маскав, ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо тибқи моддаҳои "хиёнат ба давлат" ва "сӯиқасд ба қочоқи силоҳ" муттаҳам мешавад", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Бар асоси маҷмӯи ҷиноятҳо ӯ ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум гардид ва ҷазояшро дар колонияи низомаш шадид сипарӣ мекунад.
Гуфта мешавад, ки маводи парвандаи ҷиноӣ маълумоти махфӣ дорад ва аз ин рӯ баррасии парванда паси дарҳои баста сурат гирифтааст.
Драка болельщиков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Боздошту ҷустуҷӯйи муҳоҷирони тоҷик барои муноқишаи маргбор дар Чехов
Маълум аст, ки ин мард моҳи сентябри соли гузашта боздошт гардид. Ҳукми додгоҳ то ҳол эътибори қонунӣ пайдо накардааст ва аз он шикоят кардан мумкин аст.
Қаблан хабар дода шуд, ки ҳар чорумин ҷинояти содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба маводи мухаддир марбут аст.
Лентаи хабарҳо
0