Набарди Нурулло Алиев ва Матеуш Ребетски дар UFC лағв шуд - тафсилот

CC BY-SA 4.0 / commons.wikimedia.org/Nurullo Aliev / Нурулло Алиев
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Обуна шудан
Набарди размикори тоҷик Нурулло Алиев ва лаҳистонӣ Матеуш Ребетски мебоист дар доираи мусобиқаи UFC 295 рӯзи 11 ноябр баргузор мешуд
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Рақобати Нурулло Алиев ва Матеуш Ребетски баргузор намешавад.
Дар ин бора ба мухлисон варзишгари Тоҷикистон дар расонаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки "Уқоб"-и тоҷик аз пояш осеб дидааст, ки бо он ба ӯ имкони ширкат дар набард дода намешавад.
"Пас аз муоина табибони UFC маро манъ карданд ва ба мубориза розӣ нашуданд", - гуфтааст Нурулло Алиев.
Илова бар ин, паҳлавони тоҷик гуфтааст, ки ба зудӣ пояшро ҷарроҳӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки қувваозмоии Нурулло Алиев ва Матеуш Ребетски мебоист дар доираи UFC295 рӯзи 11 ноябр баргузор шавад.
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2023
Тоҷикон дар UFC: Алиев бо размикоре, ки Раҷабовро шикаст дод, вориди майдон мешавад
Алиеви 22-сола то ҳол 9 зӯрозмоиро анҷом дода, дар ҳамаашон пирӯз шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон барои ҳунарҳои размии омехта то ҷое бобарор арзёбӣ мешавад, чун UFC, ки аз созмонҳои бонуфузтарини ин бахш аст, феълан бо 4 намояндаи Тоҷикистон шартнома бастаст.
Дар ин ҷода аввалин Нурулло Алиев шуда буд. Баъд аз ӯ, Лоиқ Раҷабов ба UFC роҳ ёфту сипас ин созмон бо Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов шартнома баст.
Лентаи хабарҳо
0