Беҳтаринҳои моҳ дар Лигаи якуми Тоҷикистон маълум шуданд

© ФФТИлҳом Баротов, футболбоз ҳангоми ҷоизагирӣ, акс аз бойгонӣ
Илҳом Баротов, футболбоз ҳангоми ҷоизагирӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2023
Обуна шудан
Ҳамлагари дастаи "Истаравшан" дар Лигаи аввали футболи Тоҷикистон давоми моҳи октябр 12 гол ба ҳадаф расонда, дар се бозӣ беҳтарин дониста шуда буд
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Илҳом Баротов ва Боир Игамбердиев беҳтарин бозигар ва мураббии Лигаи якуми Тоҷикистон дар моҳи октябр эълон шуданд.
Ба гузориши ФФТ, ҳамлагари дастаи "Истаравшан" Баротов бори дуюм дар мавсим беҳтарин бозигари моҳ эътироф гардид.
Дар моҳи октябр ӯ 12 гол ба самар расонида, дар се вохӯрӣ беҳтарин бозигари дидор эътироф гардидааст.
Сармураббии "Панҷшер" Боир Игамбердиев бошад, бо дастааш дар чор вохӯрии моҳ 12 имтиёз ба даст оварда, моҳи дуюм пайиҳам беҳтарин мураббии Лигаи якум дониста мешавад.
Мэр Душанбе и председатель Национального совета (Маджлиси Милли) Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Баҳси рушди футбол дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулин: Ӯ камбудӣ ва роҳи ҳалро гуфт
Беҳтаринҳои Лигаи якуми кишвар бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ахиран президенти ФФт, Рустами Эмомалӣ вазъи варзишгоҳҳо ва зерсохтори футбол дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳуриро интиқод кард.
Вай барои ҷалби мухлисон ба бозиҳо зарур хонд, ки бозиҳо шомгоҳон гузаронда шаванд.
Рустами Эмомалӣ аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, тоҷирон ва хайрхоҳон даъват кард, ки ба рушди футбол дар кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, на танҳо бошгоҳҳо, балки дастаҳои футзал, ҷавонон ва занонаро низ дастгирӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0