Се не, садҳо млн бояд бошад: Норозигии Эмомалӣ Раҳмон аз теъдоди ниҳолҳо

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонБоздиди президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ аз Боғи миллӣ
Боздиди президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ аз Боғи миллӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2023
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ дар Боғи миллӣ шинос шуда, аз намоишгоҳ боздид намудаст
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Боғи миллӣ президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ шинос шуд, ки барои ободонию зебогии кӯчаву хиёбон ва боғҳову гулгаштҳои шаҳри Душанбе истифода мегардад.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дарахтони Боғи миллӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ, тадқиқотӣ, таҷрибавӣ ва барои мутобиқгардонӣ ба иқлим шинонида шудаанд.
Сипас Раҳмон аз намоишгоҳи навъу намудҳои гуногуни дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ, ки аз ҷониби ҷамъияти "Пайванд" ва Агентии хоҷагии ҷангал ташкил гардида буд, дидан кард.
Сад памяти В Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2023
“Боғи хотирот” дар Турсунзода ҳамоиш ба хотири куҳансарбозон чӣ гуна гузашт – акс
Иттилоъ дода шуд, ки дар назди Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварӣ фаъолият дошта, майдони парвариши ниҳол 100 гектарро ташкил медиҳад.
Айни замон дар ин ниҳолхонаҳо парвариши 45 намуди дарахтону буттаҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан ба миқдори умумии 3 миллион бех ба роҳ монда шудааст, гузориш доданд ба президент.
Эмомалӣ Раҳмон ин шумораро нокифоя дониста, супориш дод, ки роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва боғҳо садҳо миллион дарахтонро омода ва барои ҳифзи табиат, кабудизоркунӣ, ободонӣ, зебоӣ ва беҳтар кардани муҳити зист равона созанд.
Лентаи хабарҳо
0