Аз куҳҳо то баҳру биёбон: Замин аз дурбини кайҳоннаварди Русия - видео

Обуна шудан
Кайҳоннаварди рус наворҳои сабткардааш аз тирезаи истгоҳи байналмилалии кайҳониро аз қисматҳои мухталифи сайёраи Заминро нашр кардааст
Куҳу баҳру биёбону дарёҳоро кайҳоннаварди рус Константин Борисов аз тирезаи Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ сабт кардаст.
Наворҳои истисноии аз кайҳон сабтшуда водии бузург ва кӯлҳои калони Амрикои Шимолӣ, манзараҳои Амрикои Ҷанубӣ ва ғуруби офтоб дар болои Атлантикро дар бар мегиранд.
Дар ин навор ҳамчунин қаламравҳои ҷанубии Исроил, нимҷазираи Синай ва Халиҷи Ақаба дар Миср низ инъикос ёфтааст.
Видеои партоби рокети "Союз-2.1б" ба кайҳон – видео
Кайҳоннавард инчунин аз иллюминатор мамлакатҳои нимҷазираи Арабистон — Урдун ва Арабистони Суудиро ба навор гирифтааст.
Константин Борисови ба истгоҳи байналмилалии кайҳон 27 август ҳамроҳи ҳайати киштии кайҳонии амрикоии SpaceX Crew Dragon ба парвоз намуд.
Ба ҳайат ҳамчунин астронавти NASA Ҷасмин Могбели, астронавти Оҷонсии кайҳонии Аврупо Андреас Могенсен ва астронавти Агентии тадқиқоти кайҳонии Ҷопон Сатоши Фурукава ворид шуданд.
Қаблан кайҳоннаварди рус навори дигаре дар бораи кору ҳаёти рӯзмарра дар истгоҳи байналмилалиро нашр карда буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфият пайдо кард.
Лентаи хабарҳо
0