Натиҷаи мусовии бозии “Истиқлол” ва “Персполис”

© Дафтари матбуоти ФФТБозии тими "Истиқлол"-и Душанбе ва "Персеполис"-и Эрон дар майдони "Озодӣ"-и шаҳри Теҳрон
Бозии тими Истиқлол-и Душанбе ва Персеполис-и Эрон дар майдони Озодӣ-и шаҳри Теҳрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2023
Обуна шудан
Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври чаҳоруми Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои "Истиқлол" ва "Персеполис" баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik.Мусобиқа байни тимҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Персполис”-и Эрон, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд бо тасовии 1 бар 1 ба поён расид.
Меҳдии Туробӣ дар дақиқаи 29 аз рӯи зарбаи озод голи “Персполис”-ро ба самар расонд ва Сенин Себай ҳам дар дақиқаи 74 занандаи голи “Истиқлол”-и Тоҷикистон буд.
Ёдовар мешавем, ки 24 октябр дар шаҳри Теҳрон бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 дар гурӯҳи "Е" байни дастаҳои футболи "Персеполис"-и Эрон ва "Истиқлол"-и Тоҷикистон баргузор гардид.
Зрители на трибунах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2023
Қаҳрамони Лигаи якуми Тоҷикистон пеш аз муҳлат маълум шуд
Ин бозӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба нафъи дастаи футболи "Персеполис"-и Эрон анҷом ёфта буд.
Маврид ба зикр аст, ки "Истиқлол", "Персиполис" ва "Ал-Наср"-и Арабистони Саудиву "Ал-Дуҳайл"-и Қатар дар гуруҳи гурӯҳи "Е" бозӣ мекунанд.
Бошгоҳи Душанбе танҳо аввалин бозияшро бо тими қатарӣ мусовӣ 0:0 карду ду бозии дигарро бо бохт анҷом дод.
Лентаи хабарҳо
0