Пешгӯии ҳавои номусоид дар Тоҷикистон: борону барфу туман мешавад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкСнегопад
Снегопад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2023
Обуна шудан
Тибқи пешгӯии ҳавосанҷон агар даҳаи аввали моҳ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ буд, аммо аз имрӯз он ба пастшавӣ меравад
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона борони суст ба амал омада, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ба амал омадани борон бо гузариш ба барф дар назар аст.
Ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳида борону барф ба амал меояд.
Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борону барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.
Заснеженные дома и деревья - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Аввалин барф дар Тоҷикистон
Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 12-17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Аммо дар Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони суст ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Ин минтақа нисбат ба дигар гӯшаҳои кишвар гармтар буда, ҳарорат шабона 5+10 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 1+6 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро низ ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, танҳо шабона дар баъзе ноҳияҳо борони суст (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борон ва барф) ба амал омада, дар манотиқи алоҳида туман мефарояд.
Дар ин қаламрав ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо рӯзи бебориш ва шабона борони суст интизор буда, ҳаво шабона 4+6 ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0