Шикасти Хусравов ва нишони биринҷии Каримов дар қаҳрамонии ҷаҳон

© Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонАкмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов, паҳлавонони тоҷик дар риштаи самбо
Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов, паҳлавонони тоҷик дар риштаи  самбо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2023
Обуна шудан
Дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо дар Арманистон ду паҳлавони номдори тоҷик вориди майдон шуданд, ки якеаш дар даври аввал шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Паҳлавони шинохтаи тоҷик, Акмалиддин Каримов дар даври нимниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳони самбо шикаст хӯрд, аммо ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт.
Вай бо ҳарифаш аз Русия, Саян Хертек майдондорӣ кард, аммо натавонист дастболо гардад ва ҳамин тариқ аз зӯрозмоӣ барои нишони нуқраю тилло маҳрум шуд. Каримов то расидан ба ин зина нахуст паҳлавони қирғиз, дар даври даври чаҳорякниҳоӣ Жассулан Наримонови қазоқро шикаст дод.
Ҳамин тариқ паҳлавони тоҷик барои нишони биринҷӣ бо Ҷайеонг Шин мубориза бурда, ғолиб гардид.
Таджикский самбист Набимухаммад Хоркашев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2023
Паҳлавони тоҷик қаҳрамони ҷаҳон миёни собиқадорон шуд
Паҳлавони дигари тоҷик, Хушқадам Хусравов дар аввалин рақобаташ дар Қаҳрамонии ҷаҳони самбо шикаст хӯрд. Вай натавонист ҳарифаш Белек Бараканови қирғизро шикаст диҳад.
Қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Еревани Арманистон рӯзҳои 10-12 ноябр идома хоҳад кард. Федератсияи самбои Тоҷикистон гуфт, дар ин мусобиқа 9 самбочии тоҷик иштирок мекунанд.
Дар феҳрасти иштирокдорон, Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов, Деваштич Убайдӣ, Зафар Олимшоев, Бахтовар Замиров ва дар самбои размӣ Бобохон Мирзозода, Сорбон Латипов, Худоёр Раҷабов, Сарвар Ҳотамбекзода ном бурда шуданд.
Ҷамъан дар қаҳрамонии ҷаҳонӣ дар Арманистон варзишгарони 65 давлат иштирок мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0