Дар Суғд аз муҷассамаи Ғафуров рӯнамоӣ карданду осорхонаашро кушоданд

© SputnikПамятник академику Бободжону Гафурову
Памятник академику Бободжону Гафурову - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2023
Обуна шудан
Бунёди пайкара ва осорхонаи Бобоҷон Ғафуров намунаи олии қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат ва туҳфаи арзанда ба 115-солагии академик дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба гузориши котиботи раисҷумҳур, осорхонаи ҷумҳуриявӣ маркази бузурги илмию фарҳангӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ-маънавӣ ва таблиғотӣ-ташвиғотӣ буда, он аз 18 гӯшаи алоҳида иборат мебошад.
Дар осорхона, ки бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон боз шуд, нигораҳо аз рӯйи хусусияти хронологӣ ҷойгир карда шуда, кору зиндагӣ, фаъолияти пурсамар дар бахшҳои гуногун, дастовардҳои илмӣ, офаридаҳои гаронарзиш ва мукофоту туҳфаҳои академик Бобоҷон Ғафуров ҷой дода шудааст.
Дар маҷмӯъ осорхона аз се бахш - “Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба ҷамъоварӣ ва мероси таълифнамудаи академик Бобоҷон Ғафуров”, “Таблиғоти мероси академик” ва “Китобхонаи электронӣ” иборат мебошад.
Ҳамзамон дар ин макон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров пардабардорӣ намуданд.
Китоби Тоҷикон-и фарсуда, ки муҳаққиқи ҷавон дар Афғонистон пайдо кардааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба мардуми арабзабон дастрас шуд
Гуфта мешавад, ки таҳпояи муҷассама 2,6 метр буда, баландии худи муҷассама 4,2 метрро ташкил медиҳад.
Дар тарафи чапи муҷассама шоҳасари мондагор -“Тоҷикон” ҷой дода шудааст, ки бешубҳа аз муҳимияту арзиши гарони ин офарида башорат медиҳад. Барои зебу зинат додани таҳпояи муҷассама сангҳои ороишии баландсифат бо истифода аз услуби хоси меъморӣ истифода гардидааст.
Академик Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон, Арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ӯ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик дониста мешавад ва бо таҳқиқоти мондагори худ, коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик бешак, асосгузори мактаби нави таърихшиносии тоҷик маҳсуб меёбад ва қомат афрохтани муҷассамаи ӯ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намунаи олии қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат ва туҳфаи арзанда ба 115-солагии академик дониста мешавад.
Лентаи хабарҳо
0