Ҷарроҳии пойи Алиев чӣ гуна гузашт?

© Facebook / Fight Club AkhmatБоец клуба "Ахмат" Нурулло Алиев
Боец клуба Ахмат Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2023
Обуна шудан
Дар бораи анҷом ёфтани ҷарроҳии пойи размикори шинохтаи тоҷикистонӣ, ки зимни тамрин ҷароҳат бардошту барномаҳояш халалдор кард, худи ӯ хабар дод
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Пойи маҷруҳи Нурулло Алиевро бомуваффақият ҷаррохӣ карданд, хабар дод худи размикори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Қаблан, дар ҷараёни тамрин варзишгар ҷароҳат бардошта буд, ки бинобар ин маҷбур шуд, ки набард бо Матеуш Ребетскии лаҳистониро лағв кунад.
Набарди размикори тоҷик ва лаҳистонӣ мебоист дар доираи мусобиқаи UFC 295 рӯзи 11 ноябр баргузор мешуд.
Муобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон чӣ тавр гузашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2023
“Тирҳои заррин” барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон – видео
Аммо "Уқоб"-и тоҷик аз пояш осеб диду пас аз муоина, табибони UFC иҷозати иштирокашро дар зӯрозмоӣ надоданд.
Алиеви 22-сола то ҳол 9 зӯрозмоиро анҷом дода, дар ҳамаашон пирӯз шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон барои ҳунарҳои размии омехта то ҷое бобарор арзёбӣ мешавад, чун UFC, ки аз созмонҳои бонуфузтарини ин бахш аст, феълан бо 4 намояндаи Тоҷикистон шартнома бастаст.
Дар ин ҷода аввалин Нурулло Алиев шуда буд. Баъд аз ӯ, Лоиқ Раҷабов ба UFC роҳ ёфту сипас ин созмон бо Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов шартнома баст.
Лентаи хабарҳо
0