ИМА аз оташбаси Ғазза дар ҳарос аст

© AFP 2023 / Mohammed AbedРебенок среди обломков поврежденного здания после ударов по Рафаху на юге сектора Газа
Ребенок среди обломков поврежденного здания после ударов по Рафаху на юге сектора Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2023
Обуна шудан
ИМА қаблан содир кардани ҷиноятҳои ҷангии Исроилро рад мекард ва ҳоло ҳангоми оташбаси муваққатӣ намехоҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз онҳо огоҳ шавад
Имрӯз бояд хунрезӣ дар навори Ғазза бас шавад: дар бораи оташбаси муваққатӣ (чор рӯз) барои табодули гаравгонҳо ба маҳбусон созиш ҳосил шуд. Ҳамос 50 зану кӯдаки исроилӣ, ки аксари онҳо шаҳрвандии дугона доранд ва Исроил 150 фаластиниро (асосан наврасону занон) аз зиндон раҳо мекунад.
Агар раҳоии гаравгонҳо идома ёбад, Исроил барои ҳар кадоми онҳо се маҳбусро раҳо мекунад ва созиш метавонад чанд рӯзи дигар идома кунад. Аниқтар чӣ қадар вақт?
Он қадар дер не, зеро дар феҳрасти нашркардаи Исроил ҳамагӣ 300 фаластинӣ мавҷуд аст, яъне барои сад нафар гаравгон теъдоди онҳо басанда аст. Аммо теъдоди дақиқи онҳо маълум нест - дар маҷмӯъ, Ҳамос то 240 нафар дошт, аммо ба назар мерасад, ки беш аз сеяки онҳо аллакай бар асари бомбандозии Исроил ҷон бохтаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар зиндонҳои Исроил чанд ҳазор фаластинӣ ҳастанд ва баъд аз 7 октябр Исроил на танҳо 13 ҳазор нафарро дар Ғазза куштааст, ки аз чор се ҳиссаи онҳо кӯдакон ва занон буданд (ин ҳам бе қариб 6 ҳазор нафар одамони бе ному нишон, ки шояд зери харобаҳои биноҳо бошанд), аммо ҳамзамон Исроил танҳо дар соҳили ғарбии Иордан беш аз ҳазор нафарро боздошт кард (ва шумораи кушташудагон дар он ҷо аз саду панҷоҳ нафар гузашт).
Яъне Исроил барои озод кардани гаравгонҳо, ки озодии онҳо дар ибтидо ҳадафи аслии амалиёт дар Ғазза ном бурда мешуд, одамонро дорад.
Разрушения от израильской бомбардировки в Хан-Юнисе на юге сектора Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2023
Ботлоқи Фаластину Исроил Ғарбро фурӯ мебарад.
Ҳамзамон ҷунбиши Ҳамос мехост гаравгонҳоро бо ҳамаи фаластиниёне, ки дар зиндонҳои Исроил маҳбусанд, иваз кунад, аммо Исроил инро рад кард.
Зеро онҳо террорист ҳастанд? Не. Зеро амалиёт дар Ғазза ба раҳоии гаравгонҳо рабте надорад - онҳо танҳо баҳонае барои пурра торумор сохтани Ғазза ҳастанд. Исроил онро "нобуд кардани Ҳамос" мехонад, - аммо ҳама мебинанд, ки аллакай тақрибан нисфи тамоми биноҳои Ғаззаро тахриб кардааст.
Аз ин рӯ, оташбаси ҷорӣ доимӣ нахоҳад шуд - агар он ҳам пеш аз мӯҳлат вайрон нашавад: Нетаняҳу аллакай изҳор доштааст, ки амалиётро анҷом медиҳад ва аз таваққуф барои таҳкими артиш истифода хоҳад кард.
Баъд аз якчанд рӯз бомбаборонкунӣ ва амалиёти хушкигарди артиши Исроил давом хоҳад кард. Ҳамзамон, дар шимол Исроил бо тирборон кардани Лубнон ба таҳрики Ҳизбуллоҳ идома медиҳад (ва дар он ҷо шумораи кушташудагон аллакай ба сад нафар наздик мешавад).
Тааҷҷубовар нест, ки агар Исроил танҳо дар рӯзҳои таваққуфи башардӯстона дар Ғазза ҳамлаҳоро ба Лубнон афзоиш диҳад, то агар чизе рух диҳад, он барои пеш аз вақт қатъ кардани оташбас сабабе хоҳад дошт ва тавзеҳ медиҳад, ки "аз ҷониби Ҳизбуллоҳ ҳамла шудааст, ки бо Ҳамос якҷо ҳастанд".
Чаро Исроил умуман ба созиш розӣ шуд? Ду сабаби асосӣ вуҷуд дорад. Якум, эътирози наздикони гаравгонҳост, ки озодии онҳоро талаб мекунанд. Якуним моҳи даргириҳо дар Ғазза ин натиҷа надод (дигар он аст, ки ин ҳадафи аслии амалиёт набуд) ва акнун бояд ба табодул муроҷиат кард.
Биёед ба ёд орем, ки ин кор дар аввал аз ҷониби Ҳамос пешниҳод шуда буд, аммо он гоҳ барои Исроил баҳонаи дигаре намешуд, ки нисфи Ғаззаро хароб кунад ва беш аз як миллион фаластиниро маҷбур кунад, ки аз шимоли навор ба ҷануб фирор кунанд.
Яъне он ҷиноятҳои харбӣ,ҷиноятҳои зидди башарият (ва умуман он фалокати башардӯстона), ки Исроилро ҳоло аксарияти ҷаҳониён барои он маҳкум мекунанд, аслан рух намедоданд.Ва ин аст сабаби дуввуми тавофуқи Исроил ба таваққуфи башардӯстона.
Палестинцы ищут выживших в здании, разрушенном в результате израильской бомбардировки в Хан-Юнисе, сектор Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2023
Созишномаи оташбас миёни Исроил ва Ҳамос вориди амал шуд
Не, Нетаняҳу аз қатъномаҳои СММ ва кӯдакони кушташудаи фаластинӣ парвое надорад, аммо вай ҳеҷ гоҳ фишори ИМА-ро нодида гирифта наметавонад.
Президент Байден аслан ба Исроил фишор намеоварад (баръакс, вай ба он кӯмаки низомӣ ва молиявӣ мерасонад), - ӯ танҳо ба таври шифоҳӣ аз марги ғайринизомиён изҳори таассуф мекунад ва ҳамзамон эълом мекунад, ки то таслим шудани Ҳамос оташбас вуҷуд нахоҳад дошт.
Яъне, Иёлоти Муттаҳида, ягона қудрате, ки метавонад Исроилро ба қатъи наслкушӣ дар Ғазза маҷбур кунад, комилан дидаву дониста ин корро намекунад ва аз ин рӯ, масъулияти тамоми ҷиноятҳои содиршударо низ ба гардан дорад.
Бо вуҷуди ин, ба хотири ҷилавгирӣ аз поин рафтани эътибори ИМА дар ҷаҳони ислом ва рейтинги Байден дар ИМА, Вашингтон аз Исроил талаб мекунад, ки тактикаи худро тағйир диҳад: изҳороти одамхӯрона камтар кунад, ба таври ошкоро нагӯяд, ки Ғазза зери назорати Исроил боқӣ мемонад ва ба тафаққуфи башардӯстона барои интиқоли дору ва хурокворӣ розӣ шавад.
Дар ниҳоят Нетаняҳу бо охирин розӣ шуд - зеро созиш имкон медиҳад, ки табодули гаравгонҳо гузарад ва мухолифин дар Исроил каме ором шаванд.
Аммо Иёлоти Муттаҳида талаб намекунад, ки воқеан хунрезӣ ва нобудсозии Ғаззаро бас кунад, аз ин рӯ, мумкин рӯзҳои наздик ҳамлаҳои Исроил аз нав оғоз гарданд. Гурезагон каме дору ва ғизо мегиранд, аммо ҳанӯз ҳам дар ҷануби Ғазза шароити фалокатборе боқӣ хоҳад монд, зеро Исроил умед дорад, ки онҳоро ба Миср тела диҳад.
Ва маъмурияти Амрико дар баробари иддао, ки ҳама корро барои сабук кардани ранҷу азоби фаластиниҳо мекунад боз мегӯяд: "Аммо аввал мо бояд Ҳамосро нест кунем."
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2023
Эрдуғон ҷаҳони исломро вобаста ба масъалаи Ғазза ба муттаҳидӣ даъват кард
Созишномаи оташбас дар Иёлоти Муттаҳида аллакай муваффақияти дипломатияи Амрико ва шахсан Байден номида шудааст, аммо муносибати воқеии Вашингтон ба ҷиноятҳои зидди башариро гузориши нашрияи амрикоии Politico беҳтар нишон медиҳад.
Онҳо менависанд, ки Вашингтон аз оқибатҳои эҳтимолии ғайричашмдошти созиши оташбас нигарон аст: "Оташбас дастрасии бештар ба навори Ғаззаро барои хабарнигороне фароҳам меорад, ки дар бораи тахриби ин навор гузориш хоҳанд дод ва ба афкори умум нисбати Исроил таъсири манфӣ мерасонад."
Яъне, нахуст мақомоти Амрико содир кардани ҷиноятҳои ҷангии Исроилро рад мекунанд ва баъдан намехоҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз онҳо огоҳ шавад.Воқеан, дар тӯли якуним моҳи ҷанг Ғазза аз ҷаҳони беруна тақрибан комилан қатъ шуда буд, - дар бораи даҳшат дар он ҷо танҳо чанд манбаи маълумот мавҷуд буд ва кори рӯзноманигорони маҳаллӣ ва хабарнигорони озоди расонаҳои хориҷӣ на танҳо ниҳоят душвор, балки марговар ҳам аст: қариб 50 нафари онҳо кушта шуданд.
Ва акнун, вақте ки (ва ё агар) матбуоти ҷаҳонӣ тавонад хабарнигорони худро ба Ғазза бифиристад, ҷаҳон воқеан аз дидани миқёси ҷиноятҳо ва қурбониёни бегуноҳ ба даҳшат хоҳад афтод, ки хуни он на танхо ба души Исроил, балки ба души Ҳомиёни америкоии вай ҳам мебошад.
Лентаи хабарҳо
0