Таваҷҷуҳи амири Толибон* ба шоҳроҳ аз тариқи Вахон

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСтроительство автомобильной дороги
Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2023
Обуна шудан
Тоҷикистон қаблан роҳи мошингард аз тариқи долони Вахонро имкони хуб барои ҳамлу нақли коло аз тариқи Афғонистон ба Покистон ва роҳҳои обӣ арзёбӣ карда буд
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Амири Толибон*, Ҳибатуллоҳ Охундзода амр додаст, ки барои бунёди шоҳроҳ аз тариқи долони Вахон ҷиддӣ гирифта шавад.
Охундзода дар ҷаласаи ҳукумат ба Вазорати корҳои ҷамъиятии Толибон* супориш додаст, ки таҳқиқоти муҳандисӣ, нақша ва шартномаи иҷрои тарҳро таҳия кунанд, иттилоъ дод Sputnik Афғонистон.
Таъкид шудааст, ки баъди анҷоми корҳо тарҳ барои тасдиқ ба ҳукумати Толибон* пешниҳод карда шавад.
Ин дастур дар ҳолест, ки Тоҷикистон қаблан роҳи мошингард аз тариқи долони Вахонро имкони хуб барои ҳамлу нақли коло аз тариқи Афғонистон ба Покистон ва роҳҳои обӣ арзёбӣ карда буд
Первый почтовый контейнерный поезд Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2023
Тоҷикистон ният дорад ба "Агроэкспресс" бипайвандад
Аз ҷумла чанд қабл аз омадани толибҳо ба сари қудрат дар Афғонистон, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон як тарҳи сармоягузории даҳлезҳоеро, ки кишварро бо Покистону Эрон бипайвандад, пешниҳод карда буд.
Бино ба ин тарҳ се роҳи иртибот бо Покистон тариқи Афғонистон пешбинӣ мешуд. Яке, Душанбе – Данғара – Кӯлоб – Қалаихумб – Хоруғ - Ишкошим (марзи Афғонистон) – ағбаи Дора (тариқи даҳлези Вахон ба марзи Афғонистону Покистон) – Читрол ва дар идома тариқи Пешовар ба Карочи бо тӯли 917 километр (Тоҷикистон – 717, Афғонистон – 118 ва Покистон - 82 км) аст.
Дигарӣ, масири Душанбе - Лаби Ҷар – Тавилдара – Қалаихумб – Хоруғ – Ишкошим (марзи Афғонистон) – ағбаи Дора (тариқи даҳлези Вахон ба марзи Афғонистону Покистон) – Читрол ва дар идома тариқи Пешовар ба Карочи, ки 831 километр (қаламрави Тоҷикистон – 631, Афғонистон – 118, Покистон - 82 км) тӯл дорад.
Тоҷикистон дар ин миён қисмати умдаи ин масирҳо дар қаламрави худро такмил кардааст. Афғонистон низ дар замони ҷумҳурият қисматҳои худро такмил намуд. Аммо бо омадани толибон* ба қудрат дар Афғонистон бахусус ду тарҳи аввалӣ ба таъхир афтоданд.
*-созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳрими СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0