Рубл дигарбора дар Тоҷикистон арзон мешавад

© ShutterstockДеньги в руках
Деньги в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2023
Обуна шудан
Рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон дар қиболи пули миллӣ устуворияшро боз аз даст дорад медиҳад ва нисбат ба ду рӯзи қаблӣ қариб ду сомонӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, қимати пули русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 121,6 сомонӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки дар поёни ҳафтаи қаблӣ 1000 рубл 123,5 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Асъори русӣ ахиран, пас аз онки Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд, каме тақвият ёфта, тайи чанд ҳафта ба ин су аз 108 сомонӣ барои 1000 рубл гаронтар мешуд.
Қурби асъори аврупоӣ ҳам каме коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ ҳоло барои ҳар евро 11.9308 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш як евро ба 11.9508 сомонӣ баробар буд.
Глава МИД РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Лавров: ИИАО ва ИДМ дар роҳи долларзудоӣ пешқадаманд
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ боз беҳтар шудааст. Агар қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ бар ивази 1 доллар 10.9515 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9517 сомонӣ медиҳанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9517 то 11.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.9808 то 12.9300 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 121,6 то 122,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0