Душанбе мехоҳад муҳоҷиратро бисёрсамта созад: Оғози омӯзишу забону ихтисос барои Корея

© Foto / Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ТоҷикистонФлаги Южной Кореи и Таджикистана
Флаги Южной Кореи и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2023
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон дастур додаст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ аз кишвар диверсификатсия ё худ бисёрсамта гардонда шавад. Феълан асосан ба Русия мераванд
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар марказҳои таълимии калонсолон, ки бархеяшон фаъоланду қисмати дигарашон дар ҳоли сохтмон, омӯзиши забони кореягӣ ва ихтисосҳои мавриди ниёзи Кореяро ба роҳ монданист.
Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки феълан сафари як ҳайати васеи масъулини кореягӣ дар ҷумҳурӣ идома дорад.
Манбаъ таъкид кардаст, ки масъалаи диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи хоси ҳукумат ва вазорат қарор дорад.
"Аз ҷумла, корбарӣ ҷиҳати ворид шудани Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор дар Корея, ки имкон медиҳад, тоҷикистониҳо дар Корея дар асоси шартнома бо кор таъмин шаванд, идома дорад", - омадааст дар иттилоия.
Ҳайати Кореяи ҷанубӣ, кинамояндагони вазоратҳои шуғл ва меҳнат, адлия, корҳои хориҷӣ, рушди захираҳои инсониро дар бар мегирад, бо мақсади омӯзиши раванди қабули Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор, аз марказҳои таълимӣ боздид кардаст.
Аз ҷумла бо ҷараёни омӯзиш дар филиали "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғара ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Бохтар шинос шудаанд.
Акция На работу на велосипеде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2023
Суду зиёни муҳоҷирон барои Русия: коршинос вазъро шарҳ дод
Вазорат мегӯяд, ҳамин гуна марказҳо, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Роғун ва ноҳияи Восеъ бунёд гардида истодаанд, омӯзиши касбу ихтисосҳои мавриди алаботи кордиҳандаи хориҷӣ, аз ҷумла забони давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ омӯзонида шуда, ба хатмкардагон шаҳодатнома дода мешавад.
Ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ барои таъмини рӯзгорашон ба хориҷа мераванд, ки қабулкунандаи асосии онҳо Русия ба шумор меравад.
Лентаи хабарҳо
0