Сармои шадид: дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон сарди ғайримуқаррарӣ хоҳад буд?

© Sputnik Первый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2023
Обуна шудан
Ҳарорати ҳаво рӯзона дар ҷумҳурӣ паст шуда, шамол аз самти ғарб то 5-10 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад.
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон 11декабри соли 2023 ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо бориш дар шакли борон ва барф сурат мегирад.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар ғарб шабона аз 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар Суғд ҳавои абрнок шуда, борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2023
КҲФ Тоҷикистон аз бад шудани ҳаво ҳушдор дод
Хатлонро рӯзона боридани борон ва шабона дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман интизор аст. Ҳаво дар водиҳои вилоят шабона 1+6, рӯзона 11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония вазида, ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа, рӯзона 10+15 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона -2+3 дараҷа ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахт резиши борон пешгӯӣ шуда, ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0