Дуюмин чархаи НБО “Қайроққум” ба кор даромад, тавлиди барқ изофа шуд? – шарҳи масъулин

© Sputnik / А. Горячев / Гузариш ба медиабонкКайраккумская ГЭС "Дружба народов", архивное фото
Кайраккумская ГЭС Дружба народов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Нерӯгоҳи оби барқии “Қайроққум” аз 6 чарха иборат буда, соли 1956 дар замони Шӯравӣ ба кор андохта шуд.Таъмир ва таҷдид он чанд вақт ба ин тараф идома дорад
ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Чархаи дуюми НБО “Қайроққум” баъди таҷдидкунӣ дар оғози фасли зимистон бо иқтидори нав ба кор андохта шуд.
Дар ин бора директори НБО “Қайроққум” Файзулло Авезов ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод ва афзуд, ки ҳоло ҳаҷми тавлиди барқ дар чархаҳои нерӯгоҳ бештар шудааст.

"Ҳоло аз ҳисоби ин ду агрегат 58 мегават барқ истеҳсол шуда истодааст, ки баробари иқтидори се агрегати қаблӣ аст. Баъди таҷдидкунӣ тавонии агрегатҳои дигар низ то ба 29 мегаватӣ баробар хоҳад шуд”, - гуфт Авезов.

То ин замон ин чархаҳои нерӯгоҳ 21 мегавати барқ истеҳсол мекарданд.
Директори НБО “Қайроққум” таъкид намуд, ки таъмири агрегатҳои № 6 ва 5 пурра ба охир расида, ба ин тартиб ба таъмири агрегати сеюм, ки № 4 аст шурӯъ мекунанд.
Корҳои таҷдидкунии ин нерӯгоҳ дар соли 2020 шурӯъ шуд, аммо хуруҷи ҳамагири COVID – 19 монеъи саривақт иҷро шудани он гардид.
Қарор аст то соли 2025 тарҳи бозсозии “Қайроққум” бо харҷи $200 млн ба иҷро расонида шавад. Масъулин мегӯянд дар ҷараёни таъмир иқтидори барқрасонии нерӯгоҳ нигоҳ дошта мешавад.
Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” дар замони собиқ шӯравӣ сохта шуда, чархаи якуми он бо иқтидори 21 МВт дар таърихи 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст.
Чархаи 2 -и НБО “Қайроққум” ба кор медарояд: ҳаҷми тавлиди барқ зиёд мешавад?
Ин нерӯгоҳ баъд аз “Норак”, “Роғун”, “Сарбанд” аз шумори манбаъҳои муҳими барқтавлидкунӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Он дар канори дарёи Сир ва дар ҳудуди шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ҷойгир аст.
НБО “Қайроққум” дар маҷмуъ аз 6 агрегат иборат буда, 64 сол инҷониб бо иқтидори 126 МВт фаъолият дорад. Интизор меравад, пас аз таъмир иқтидори нерӯгоҳи мазкур аз 126 МВт ба 176 МВт афзоиш ёбад. Истеҳсоли қувваи барқи нерӯгоҳ ба ҳисоби миёна то 38% афзоиш меёбад.
Барқи дар ин нерӯгоҳ тавлидшуда ба системаи ягонаи барқрасонии Суғд пайваст шуда, он ба шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Дар фасли сармо дар навоҳии Тоҷикистон бинобар дуруст амал накардани манбаъҳои алтернативии гармидиҳӣ талабот ба истифодаи нерӯи барқ меафязояд.
Лентаи хабарҳо
0