Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Мувофиқаи Душанбею Бишкек сари тақсими 47 километр сарҳад

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ТоҷикистонТаджикистан и Кыргызстан обсудили вопросы по границе
Таджикистан и Кыргызстан обсудили вопросы по границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2023
Обуна шудан
Вохӯрии якҳафтаинаи гуруҳҳои топографии ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад дар Бодканд доир шуда, аз натиҷаи он протоколе низ имзо шудааст
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон сари 47,05 километр тақсимоти марзи муштарак ба тавофуқ расидаанд.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин тасмим дар пайи дидори навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ки вохӯрии гуруҳҳо 8-14 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Бодканд доир шуд.
"Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд", - афзудааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд, аз натиҷаи он Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз қабл Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар пайи мулоқот бо ҳамтои қирғизаш изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 90 % марзи муштаракро муайян кардаанд.
Сторожевая вышка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2023
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 90% марзи давлатиро муайян кардаанд
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, чандсад километри хати марз муайян ё аломатгузорӣ нашудааст. Ин вазъият пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст - ҷонибҳо наметавонанд дар бораи моликияти даҳҳо минтақаи баҳсбарангез ба созиш бирасанд.
Ҳудуди муайяннашуда ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил меёбад. Охирин муноқишаи бузург 16 сентябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд ва ба инфрасохтори манотиқи марзии вилоятҳои Суғду Бодканд хисороти зиёди моддӣ расонида шуд.
Бояд гуфт, кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов борҳо масъалаи марзбандиро баррасӣ кардаанд. Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Гуруҳҳои кории байниҳукуматии ду кишвар талош доранд, бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои дуҷониба марзро муайян ва аломатгузорӣ кунанд. Вохӯриҳо бонавбат дар қаламрави ҳамдигар гузаронида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0