Президенти Тоҷикистон садҳо млн сомонӣ қарзу ҷаримаҳоро бахшид

© Sputnik / Стас ЭтвешКошелек с деньгами, архивное фото
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2023
Обуна шудан
Гап сари қарзу ҷаримаҳои андозии марбути фаъолияти "Тоҷиктрансгаз" меравад, ки тайи солҳои фаъолияти корхона дар назди давлат ташаккул ёфтаст
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон беш аз 202 млн сомонӣ қарзу ҷаримаҳои корхонаи "Тоҷиктрансгаз"-ро беъэтибор эътироф намуд.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, аз ҷумла қарзи андоз ба маблағи зиёда аз 144 млн сомонӣ ва ҷаримаю фоизҳо барои саривақт напардохтани қарз дар ҳаҷми 58 млн сомонӣ бахшида шуданд.
Ин миқдор қарз тайи солҳои фаъолияти "Тоҷиктрансгаз" ташаккул ёфтаст, ки ба гуфтаи масъулин баргардондани он ба давлат ғайриимкон буд.
"Тоҷиктрансгаз" ҷамъияти саҳомие мебошад, ки дар ихтиёри давлат қарор дошта, вуруду фурӯши гази табиӣ дар ҷумҳуриро дар инҳисори худ дорад.
Калькулятор и очки, график планирования экономики  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2023
Талоши пинҳон кардани қариб 1 млрд сомонӣ пули андоз дар Тоҷикистон
Бахшидани қарзи корхона дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран хабар дода шуд, маъмурини андоз дар Тоҷикистон зимни корҳои назоратӣ аз ҳисоби кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андоз­ҳо 994 млн сомонӣ ошкор кардаанд.
Аз ин ҳисоб тайи моҳҳои январ - сентябри соли равон ба буҷет бо назардошти қарзҳои солҳои қаблӣ 872 млн ворид гардид.
Дар умум ба иттилои мақомоти андоз, бақияи қарзи андозҳо то якуми октябри соли равон 894 млн сомониро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба аввали соли равон зиёда аз 166 млн сомонӣ бештар мебошад.
Таъкид шудаст, ки бо мақсади рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он дар ин давра нисбат ба қариб 14 ҳазор андозсупорандаи қарздор қарорҳо дар мавриди маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо қабул шудааст.
Лентаи хабарҳо
0