Русия раёсати ИДМ-ро бар ӯҳда гирифт

© Foto / Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМФлаги и эмблема Содружества Независимых Государств
Флаги и эмблема Содружества Независимых Государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2024
Обуна шудан
Русия дар созмони Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил раёсатро бар ӯҳда гирифт ва дар ин муддат мехоҳад, нуфузи ин созмонро пурзур намояд
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Аз рӯзи 1 январ Русия раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар ӯҳда гирифт.
Маскав яке аз вазифаҳои асосии худ дар соли ояндаро таҳкими нуфузи созмон ва робита бо иттиҳодияҳои минтақавӣ, инчунин муборизаи муштарак ба чолишҳои беруна медонад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 Қирғизистон дар ИДМ раёсат мекард. Ба гуфтаи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ин кишвар дар тӯли як сол фаъолона кор кард ва Маскав ният дорад дар ҳамоҳангии зич бо раёсати пешин амал кунад.
Дар нақши худ, Русия ба чанд бахш таъкид мекунад. Ба гуфтаи Путин, дар соҳаи иқтисод корҳои гузариши фаъолтар ба пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила идома хоҳанд ёфт, чун он имкон медиҳад соҳибихтиёрии иқтисодӣ ва молиявии давлатҳо боэътимодтар таъмин карда шавад.
Встреча в МИД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2023
ВКХ Тоҷикистон: равобит бо кишварҳои ИДМ дар авлавият қарор дорад
Илова бар ин, раисиҷумҳури Русия ҳамкориҳои муштаракро дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ, қочоқи маводи мухаддир ва фасод муҳим арзёбӣ кард.
Таваҷҷуҳи раёсати Русия ҳамчунин ба густариши равобити фарҳангӣ ва башардӯстона, ҳамкорӣ дар бахшҳои тандурустӣ, илм, маориф ва варзиш хоҳад буд.
Русия дар ин давра дар бораи “таъмини ҳамоҳангсозии равандҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ” зикр кард. Сухан дар бораи ҳамкории мутақобила бо СПАД ва СҲШ дар бахши амният ва бо ИИАО дар бахши иқтисодӣ низ таъкид кардааст.
Лентаи хабарҳо
0