Сафир, муовини якуми вазир таъйин шуд: Раҳмон дар ВУХ тағйироти кадрӣ анҷом дод

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар дар сохтори вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод. Дар ин сохтор муовинони нави вазир таъйин шуданд
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар бо фармоне, Насредин Исматулло аз сафирӣ дар Покистон барканор намуд ва ба вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ таъйин кард.
Ҳамчунин бо қарори дигари Раҳмон собиқ сафири Тоҷикистон дар Туркманистон, Шарифзода Фаррух Ҳомиддин мақоми муовини вазири корҳои хориҷии кишвар гирифтааст.
Чанде пеш раисҷумҳури кишвар дар сохторҳои КДАМ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ворид карда буд.
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2023
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон дар АМИТ раҳбарони ду пажуҳишгоҳро барканор кард
Муовини якуми фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ - сардори cарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Ҳикматулло Пиракзода аз мақомаш барканор шуд.
Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва сардори сарситоди ин ниҳод Муродалӣ Раҷабзода таъйин гардид.
Пиракзода минбаъд фаъолиятро дар вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон идома медиҳад. Ӯ дар ин мақом Саломатшо Мирзозодаро иваз намуд.
Тибқи қарори ҳукумат Назар Муъмин Абдуҷалол аз вазифаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ озод карда шуд.
Сабаби барканории номбурда гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад.
Ҳамзамон Фарҳод Шокир низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барканор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0