Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ созишнома ба имзо расонданд

© Sputnik / Рамиз БахтияровПисьменные принадлежности
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2024
Обуна шудан
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Туркия ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар шаҳри Анқараи Туркия зимни мулоқоти Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири хазинадорӣ ва молияи Туркия Мехмет Шимшек зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти татбиқи ислоҳот дар низоми идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла зимни мулоқот тарафҳо соҳаҳои тандурустӣ ва маориф дар ҳошияи ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки ҷаҳонӣ, рақамикунонии низоми молияи давлатӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва системаи давлатии пардохтҳои электронӣ, инчунин дигар масъалаҳо вобаста ба идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Туркия иброз намуданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки баъд мулоқот байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Туркия дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Турецкий и Таджикский флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Имзои созишномаи ҳамкории низомӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон - видео
Ёддошти тафоҳумро Вазири молияи Тоҷикистон ва Вазири хазинадорӣ ва молияи Туркия ба имзо расониданд.
Ин санад ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Туркия дар самти баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ мусоидат менамояд.
Инчунин зимни сафари корӣ вазири молия бо Президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ Серкан Кайалар вохӯрӣ кард.
Вазири молияи Тоҷикистон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркияро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, ҷонибҳо ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию тиҷоратӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра табодули афкор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0