Мақомот арзиши ранг кардани шишаҳои мошин дар соли 2024-ро эълон кард

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкСнятие тонировки с автомобилей, архивное фото
Снятие тонировки с автомобилей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2024
Обуна шудан
Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар дар соли равон нархи иҷозатномаи солона барои ранг кардани шишаҳои мошин гарон мешавад
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Аз аввали соли 2024 дар Тоҷикистон нархи иҷозатномаи солона барои ранг кардани шишаҳои мошин боло меравад, иттилоъ додааст вазорати нақлиёт дар истинод ба Раёсати БДА ВКД ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, арзиши ранг кардани шишаҳои мошинҳои баъди соли 2005 истеҳсолшуда 344 сомонӣ афзоиш меёбад.
“Дар ҳоле, ки нархи ин хизматрасонӣ барои нақлиёти автомобилии то соли 2005 истеҳсолшуда 260 сомонӣ боло меравад”, - қайд кардааст манюаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки мувофиқи ин, сиёҳкунии шишаи мошинҳои то соли 2005 истеҳсолшуда ба ронандагон 4,6 ҳазор сомонӣ ва мошинҳои пас аз соли 2005 истеҳсолшуда 6,1 ҳазор сомонӣ зарар мерасонад.
Тонированное стекло у машины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2022
Ошкор шудани ҳазорҳо ҳолати мошинсаворӣ бо шишаҳои сиёҳи бидуни иҷозатнома дар Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки чунин гароншавӣ дар Тоҷикистон пас аз 1 январи соли 2024 ба амал меояд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ наметавонанд мошинҳои то соли 2013 истеҳсолшударо ба ҷумҳурӣ ворид намоянд. Ин тадбир аз 2 октябри соли 2023 эътибор пайдо кардааст.
Лентаи хабарҳо
0