Раҳмон бо вазиронаш натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дар соли 2023 баррасӣ кард

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонМаҷлиси ҳукумати Тоҷикистон
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2024
Обуна шудан
Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумат баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар бинои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумат кишвар оғоз гардид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.
Таъкид шудааст, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2023 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2024 муайян карда шуданд.
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2023
Аз иқтисод то ниҳолшинонӣ қад қади роҳ: Баргузории маҷлиси ҳукумат бо ҳузури Раҳмон
Ёдовар мешавем, ки маҷлиси ахири ҳукумати рӯзи 27 декабри соли гузашта баргузор шуда буд, ки дар он Стратегияи миёнамӯҳлати идоракунии қарзи давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 баррасӣ шуд.
Дар ин маҷлис ҳамчунин Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва дар бораи нақшаи кори Ҳукумат дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.
Аъзои Ҳукумат дар ин маҷлис ворид намудани тағйиру иловаҳо ба чанд қавонини кишварро низ баррасӣ карда буданд.
Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ ва Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Тоҷикистон ва масъалаҳои банақшагирии воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар муҳокима гардида буд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти вилояту, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои саривақтию босифати дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумат ва татбиқи босамари барномаву стратегияҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас дода буд.
Лентаи хабарҳо
0