Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нерӯҳои Русия артиши Украинаро дар самти Донетск торумор мекунанд - видео

Обуна шудан
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар маҳалҳои аҳолинишини Андреевка, Клешеевка ва Курдюмовкаи ҶМД шикаст хӯрданд, хабар медиҳад вазорати дифои Русия
Ҳайатҳои зарбазани нерӯҳои Русия "Ҷануб" дар самти Донетск нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро несту нобуд мекунанд.
Навори аҷибе аз корҳои ҷангиро хадамоти матбуоти Вазорати дифои Русия нашр кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар як рӯз нерӯҳои мусаллаҳи Украина то 220 нафар низомиён, 3 танк ва 8 мошини зиреҳпӯшро аз даст додаанд.
"Дар маҳалҳои аҳолинишини Андреевка, Клешеевка ва Курдюмовкаи Ҷумҳурии мардумии Донетск қувва ва техникаи бригадаҳои механиконидашудаи 22, 28, 42 ва 80-уми нерӯҳои ҳавоии ҳамлавари Украина шикаст хӯрд", — хабар медиҳад Вазорати дифои Русия.
Онҳо инчунин қайд карданд, ки ҳангоми задухӯрд тӯпхонаи худгарди "Krab"-и лаҳистонӣ, системаи артиллерияи M777, ки сохти ИМА аст, гаубитсаи "Мста-Б" ва ду артиллерияи худгарди "Гвоздика" нобуд карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.
Дар авоили моҳи июн Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Запороже, Южнодонетск ва Артемовск амалиёти зиддиҳамларо оғоз карда, ба ин минтақаҳо гуруҳҳои ҷангие, ки НАТО тамрин дода бо силоҳи онҳо муҷаҳҳаз буданд, партоб кард. Аммо украинҳо дар ягон самти ҷабҳа муваффақият ба даст наоварда, талафоти калон доданд.
Лентаи хабарҳо
0