Тоҷикистон аз Қазоқистон наздик ба 1 млн тон ғалладона харид

© Sputnik / Валерий Морев / Гузариш ба медиабонкУборка зерновых, архивное фото
Уборка зерновых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2024
Обуна шудан
Давлати Қазоқистон ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ 4,8 млн. тон гандум содир кардааст, ки нисбат ба соли пешин 19,2% зиёдтар будааст
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Тоҷикистон яке аз харидори аслии гандуми Қазоқистон боқӣ мондааст. Дар соли гузашта Тоҷикистон аз ин кишвар 888,2 ҳазор тонна гандум харидорӣ кардааст, иттилоъ додааст energyprom.kz.
Ба иттилои ин манбаъ, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2023 Қазоқистон ба маблағи 1,7 млрд доллар 6,7 млн тонна гандум ва меслин содир кардааст.
Қисми зиёди маҳсулот аз рӯи анъана ба кишварҳои ИДМ содирот шудааст.
Ба кишварҳои ИДМ давлати Қазоқистон 4,8 миллион тонна гандум содирот кардааст, ки назар ба соли гузашта 19,2 фоиз зиёд.
Сбор пшеницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2023
Дар ИИАО гуфтанд, ки бо камбуди гандум чӣ гуна мубориза мебарад
Ҳаҷми асосӣ ба Ӯзбекистон (3,3 млн тонна), Тоҷикистон (888,2 ҳазор тонна) ва Туркманистон (528,1 ҳазор тонна) содирот шудааст.
Қазоқистон ба кишварҳои дигари чаҳон, ки узви ИДМ нестанд, 1,9 млн тонна гандум содирот кард, ки ин назар ба як соли пеш 24,3 фоиз зиёд аст.
Чин дар ин ҷо пешсаф аст: 519,5 ҳазор тонна, дар муқоиса бо як соли қабл ҳамагӣ 23,3 ҳазор тонна содирот шуда буд.
Гандуми ин кишвар ҳамчунин Италия (496,7 ҳазор тонна) ва Афғонистон (418,6 ҳазор тонна) фурӯхта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0