Дар Хуҷанд 80-солагии озод шудани Ленинград аз муҳосираро ҷашн гирифтанд: видео

Обуна шудан
Расо 80 сол пеш муҳосираи Ленинград - яке аз даҳшатноктарин марҳилаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба охир расид, ки дар пай куштаву зарари гушношунид дошт
Тоҷикистони он замони шӯравӣ баробари дигар ҷамоҳир ба ҷабҳа баробари сарбозон инчунин ғизо, либос, доруворӣ ва дигар лавозимот фиристода, барои ғалаба дар майдони ҷанг саҳми калон гузошт.
Барои озодии Ленинград ҳамватанони мо фидокорона мубориза бурда, бисёре ҷон нисор карданд.
Дар Хуҷанд намоишгоҳ ба ифтихори 80-умин солгарди озодсозии Ленинград боз шуд
Хонандагон ва муаллимони мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Чехов дар Хуҷанд бахшида ба корнамоии сарбозону меҳнаткашони шӯравӣ консерт пешниҳод карданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон корнамоиҳоро фаромӯш накардаасту ифтихор дорад.
Дар чорабинӣ аз ҷумла Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Васильевич Ланкин, сардори Хонаи русҳо дар Татьяна Геннадьевна Мудрова, генерал-майор Аъзам Усмонович Қосимов ва масъулони шуъбаи маорифи Хуҷанд иштирок варзиданд.
Дар Санкт-Петербург намоишгоҳ бахшида ба қаҳрамонони тоҷик баргузор мешавад
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ин чорабинӣ рафт ва мегуяд, ки иҷрои саҳнаҳо дар бораи “мактаб” ва суруду оҳангҳои “кӯдакон дар замони ҷанг” ва “дуо” барои тамошобинон басо таасуроти фаромушнашаванда гузошт.
Консули генералии Федератсияи Россия ва роҳбари Хонаи рус ба мактаб барои баромади аълои хонандагон изҳори сипос намуда, аҳамияти чунин иқдомҳоро дар тарбияи ватандӯстӣ дар насли наврас таъкид намуданд.
Лентаи хабарҳо
0