Полковник ба ҷои генерал муовини вазир шуд: Тафсилоти тағйироти кадрӣ дар ВКД - ном ба ном

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ироаи рутба ба Шариф Назарзода, сардори РВУД Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ироаи рутба ба Шариф Назарзода, сардори РВУД Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2024
Обуна шудан
Генерал Сайнахш Раҳмонзода аз мақоми муовини вазири корҳои дохилӣ ва генерал Шариф Назарзода аз вазифаи сардори раёсати корҳои дохилии ВМКБ барканор шудаанд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо муовини нави вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин гардид.
Бо қарори ҳукумат, полковник дар ин мақом генерал Раҳмонзода Сайнахш Ҳакимро иваз намуд, ки вазифаи сардори муассисаи нақлиётии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро гирифтаст.
Инчунин ба ҷои генерал Шариф Назарзода ба вазифаи сардори раёсати корҳои дохилии ВМКБ генерал Шафизода Рустам Исмоил таъйин шудаст.
Инчунин генерал Халилзода Ҳусейн Халил мақоми сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД-ро соҳиб шуд.
Инчунин беш аз 20 полковнику подполковники дигар вазифаҳои нав гирифтанд, ки ВКД номашонро эълон намуд. Аз ҷумла дар раёсатҳои калидии ин ниҳод таъйинот сурат гирифтаст:
- полковники милитсия Маҳмадҷонзода Саидаҳмад Одинамаҳмад ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи ВКД;
- полковники милитсия Мирализода Абдуҷаббор Азизулло ба вазифаи сардори Раёсати таъминоти моддӣ, техникӣ ва низомии ВКД;
- полковники милитсия Қаҳҳорӣ Ҳабиб Абдураҳим ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД;
- полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷумахон ба вазифаи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД;
- подполковники хизмати дохилӣ Раҳимзода Давлатбӣ Алам ба вазифаи сардори Раёсати тиббии ВКД;
- полковники милитсия Ҳотамзода Саидаҳтам Саидмукарам ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД;
Дар минтақаҳо аз ҷумла полковник Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа ба вазифаи муовини сардори раёсати корҳои дохилӣ дар Хатлон ва ҳамчунин сардори Қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб таъйин шудаст.
Полковник Муҳидинзода Даврон Ҳакимҷон муовини сардори РВКД Хатлон, полковник Бурҳониён Олимҷон Палвон сардори ШКД дар Бохтар, полковник Ҳайдарзода Шералӣ сардори ШВКД Кӯлоб, полковник Назарзода Манучеҳр Исломиддин сардори ШКД Ёвон ва полковник Саидзода Зафар Саид, мақоми сардори ШКД Кушониёнро гирифтаст.
Празднование Дня защитника Отечества и 27-ой годовщины образования вооружённых сил Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2024
Тағйироти кадрӣ дар ВКД Тоҷикистон: Даҳҳо нафар барканор шуданд
Подполковник Иброҳимзода Камолиддин Абдулло сардори ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ, майор Юсуфзода Абдусаттор Ғайратшоҳ сардори ШКД дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон шудаст.
Дар баробари подполковник Шодизода Ҷамшед Шодӣ сардори ШВКД дар Шуғнон, подполковник Абдуллоев Сулаймон Қурбонович сардори ШКД дар Рушони ВМКБ таъйин гардидаанд.
Подполковник Каримӣ Раҳматуллои Расулзода мақоми сардори ШКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбе, Қаландарзода Алиҷон Қурбонбой, сардори ШКД дар нақлиёт дар Суғд, майор Самадзода Раҷабалӣ Файзалӣ, сардори ШКД-и Шаҳристон ва полковник Бурҳонзода Зокир Бурҳон сардори шуъбаи №2-и корҳои дохилӣ дар Рӯдакӣ тъйин шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0