Рустами Эмомалӣ мунтахаби Қатарро вобаста ба пирӯзиаш дар Ҷоми Осиё табрик кард

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2024
Обуна шудан
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи мунтахаб ва тамоми мардуми давлати Қатарро бинобар ғолиб омадан дар Ҷоми Осиё табрик кард.
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби Қатар дар риштаи футболро дар робита ба ғолиб омадан дар Ҷоми Осиё-2023 табрик намуд.
Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
“Дастаи мунтахаб ва тамоми мардуми давлати Қатарро бинобар ғолиб омадан дар Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол табрик намуда, ба онҳо саодату бурдбориҳо таманно дорам. Воқеан футболбозони кишвари шумо дар давоми мусобиқа аз худ маҳорати баланд нишон дода, тавонистанд ғолиби Ҷоми Осиё-2023 гарданд”, - таъкид кардаст Президенти Асотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар табрикоташ.
Ҳамзамон ӯ дар изҳороташ дастаро барои ғолибияташ муборак гуфта ва дар мусобиқаҳои дарпешистода барояшон мувафақият орзу кардааст.
Мэр Душанбе и председатель Национального совета (Маджлиси Милли) Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2024
Рустами Эмомалӣ ба СММ дар бораи футбол як пешниҳод кард: тафсилот
Ёдовар мешавем, ки ими милли Тоҷикистон бо роҳбарии мураббии хорватӣ дар Ҷоми Осиё - 2023 таърихсозӣ карданд.
Футболбозони тоҷик аз ҷумла бар тимҳои пурқуввати АМА ва Лубнон ғолиб омада, бо мунтахаби Чин мусовӣ карданд.
Ҷамъан, мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 панҷ вохӯрӣ анҷом дод.
Дар даври 1/4 ниҳоӣ футболбозони тоҷик аз тими Урдун шикаст хӯрданд ва мубориза дар Ҷоми Осиё - 2023 барои онҳо анҷом ёфт.
Бояд гуфт, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин баромади худ дар Ҷоми Осиё-2023 ба қатори ҳаштгонаи беҳтарини қитъа ворид шуданд.
Лентаи хабарҳо
0