Марсинкевич аз зарурати низоми ягонаи обию-энержии Осиёи Марказӣ гуфт - видео

Обуна шудан
Коршиноси бахши энержӣ зарурати пешниҳоди нуҳ сол пеш кардаи кишвардори Ӯзбекистон дар бораи ҳалқаи ягонаи обу энержии Осиёи Марказиро зарурӣ медонад
Соли 2015 бо ибтикори раисиҷумҳури Узбекистон, Шавкат Мирзиёев ёддошти тафоҳум дар бораи зарурати барқарор намудани системаи ягонаи обию-энергетикӣ ба имзо расид.
Бо сабабҳои объективӣ маълум аст, ки ин кор дар ҳақиқат зарур аст, ҳамаи ҷумҳуриҳо мушкилии об доранд, масъала дар зери назорати кумитаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Тафсилотро дар бораи муҳимияти ин тарқ дар барномаи "Sputnik бо забони русӣ" сармуҳаррири "Геоэнергетика Инфо" Борис Мартсинкевич нақл кард.
"Ба фикрам, чунин такон дар он маврид, ки бо таҷҳизоти кӯҳна мушкилот ба миён меояд, ба ҳамаи панҷ давлати имрӯз мустақил имкон медиҳад, ки дар бораи зарурати таҷдид, барқарор намудани системаи ягонаи обию-энергетикӣ фикр кунанд",- афзуд коршинос.
Ҳоло гуфтан душвор аст, ки ин кор чӣ қадар вақт мегирад, чӣ талошҳо хоҳад буд, оё Русия дар ин кор ширкат хоҳад кард?
Онро бояд тазаккур диҳем, ки оператори системавии мо аллакай ҳамчун мушовир ба ҳамаи ин лоиҳаҳо даъват шудааст. Умедворем, ки онҳо каме тезтар, каме фавритар сурат мегиранд.
Таъхири пайвастшавии комили Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ
Дар Тоҷикистон тибқи нақша талош доштанд, ки пайвастшавӣ ба ин ҳалқаро то охири соли 2023 анҷом расонанд, аммо то ҳол он ниҳоӣ нашудааст.
Қаблан Вазири энергетика ва захоири оби кишвар гуфт, ки барои ин ҷо вақти бештар лозим мешавад, зеро ин як раванди хеле мураккаб аст ва ҳамоҳангиро тақозо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0