Чашм ба чашм: Вазнкашии муштзанҳо дар Душанбе бо ҳузури Рой Ҷонс - видео

Обуна шудан
Маросими вазнкашӣ ва рӯбарӯшавии муштзанҳо бо ҳарифонашон дар арафаи "Шоми бокс"-и Душанбе баргузор гардид, ки ситораи ҷаҳонӣ Рой Ҷонс низ ҳузур дошт
Чаҳор муштзани тоҷик дар шоми бокс маҷмааи варзиши обии Душанбе таҳти унвони "Шоми чемпионҳои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA)" баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
Мусобиқаи бокси касбӣ бори аввал бо иштироки якбора чор муштзан - Шавкат Раҳимов, Баҳодур Усмонов, Акмал Убайдов ва Шамшер Саидов баргузор мегардад.
Рақобати асосӣ байни намояндаи Русия Шарофутдин Атаев бо Алфонсо Домингес аз Озарбойҷон барои камарбанди IBA дар вазни то 86 кг доир мегардад. Барандаи ин сабқат 350 ҳазор доллар ва бохта 150 ҳазор доллар мукофотпулӣ мегирад.
Муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов бо Эдуардо Нунеси мексикоӣ барои дарёфти унвони чемпионӣ аз рӯи версияи Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) дар вазни 58,9 кило вориди майдон мешавад.
Сегрт аз мақоми сармураббии мунтахаби Тоҷикистон рафт
Муштзани мизбон Баҳодур Усмонов ва Ҷавид Чалабийев аз Озарбойҷон дар вазни 63,5 кг барои дарёфти унвони чемпиони Осиё доир мегарданд.
Инчунин ду муштзани дигари тоҷик - Шамшер Саидов бо Сулаймонбек Уулу Акжол аз Қирғизистон дар вазни 65 кило ва Акмал Убайдов Акмал бо Асюлҷан Серикбай аз Қазоқистон дар вазни 57 кило
Ситораи бокси ҷаҳонӣ Рой Ҷонс меҳмони фахрии "Шоми бокс" дар Душанбе хоҳад буд. Илова бар ин, меҳмони фахрии шаб Умар Кремлев, президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) хоҳад буд. Ин чорабинӣ имрӯз бо ширкати муштзанҳои шинохта доир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0