Дар ИМА нақшаи таслимшавиро тартиб медиҳанд

© AP / Vahid SalemiАнтиамериканский баннер проносят на грузовике во время ежегодного военного парада, Иран
Антиамериканский баннер проносят на грузовике во время ежегодного военного парада, Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2024
Обуна шудан
Ба қавли коршиносон, Коҳи Сафед бояд ба сиёсати оқилонаи хориҷӣ гузарад, бо роҳи дипломатӣ ба нигарониҳои қудратҳое чун Русия ва Эрон посух гӯяд, узвияти Украинаро дар НАТО рад кунад ва ба "ҳамзистии ором" бо Чин мусоидат кунад
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik, Виктория Никифорова. Комёбиҳои қушунҳои рус дар хориҷа ҳам аз назар дур намонданд. Ҷангҳо барои Авдеевка ҳанӯз идома доштанд, ки маҷаллаи асосии сиёсии ИМА "Foreign Affairs" аллакай мақолаи "Чаро Амрико наметавонад ҳама чизро дошта бошад"- ро чоп кард. Он нақшаи фирори эҳтиёткоронаи гегемонро аз нуқтаҳои доғ ифода мекунад.
Сиёсатшиноси амрикоӣ Стивен Вертхайм мегӯяд, ки Иёлоти Муттаҳида дар иҷрои тамоми вазифаҳои сиёсати хориҷии худ, ки соли 2021 нақша гузоштанд, ноком шуданд: дар Украина чун дар ботлоқ дармонд, натавонист низомиёни худро дар Ховари Миёна ҳифз кунад ва муносибатҳо бо Русия ва Чин то ба дараҷае расид, ки эҳтимоли ҷанги сейуми ҷаҳонӣ тамоман воқеӣ шудаст.
Кӣ гунаҳкор аст ва чӣ бояд кард? Табиист, ки гунаҳкор албатта Путин аст, маҳз ӯ амалиёти вижаро оғоз кард. Ва ҳамчунин Ҳамос, ки ҳамлаи 7 октябрро созмон додааст. Бо вуҷуди ин, маъмурияти Байден низ қисман гунаҳкор аст. Маъмурият аз ҳад соддалавҳона амал кард ва бовар дошт, ки агар дар як минтақа ҷангро барангезад, дигар минтақаҳо ором нишаста, дам намезананд.
Интервью главы МИД РФ С. Лаврова РИА Новости - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Тӯб дар тарафи Маскав нест: Лавров вазъи марбути Украинаро шарҳ дод
"Ин соддалавҳист, иброз медорад муаллиф, ҳуҷум ба мамлакатҳои дигар барои озод кардани онҳо". Ҳамчун як гузинаи хеле прагматикии "чӣ бояд кард" пешниҳод карда мешавад: ҳамаи корҳоро анҷом додан даркор аст. Вертхайм таклиф мекунад, ки Вашингтон орзуҳои яккатозиро бас карда, ҳузури ҳарбии худро дар ҷаҳон қатъиян маҳдуд кунад.
Фикру мулоҳизаҳои муаллифро васеътар шарҳ медиҳем, масалан, Шарқи Наздикро гирем. Маълум шуд, ки сарбозони амрикоӣ дар пойгоҳҳо дар Ироқ ва Урдун аз ҳамлаҳои тарафдорони боэътимоди Эрон дар амон нестанд. Аз моҳи октябр то кунун даҳҳо нафар захмӣ шуданд ва чанде қабл чанд нафар аз низомиён кушта шуданд. Вашингтон сарфи назар аз тамоми изҳороти воҳиманокаш, одамони худро муҳофизат карда наметавонад.
Баҳри Сурх дар зери назорати Ҳусиёни Яман боқӣ мемонад; Вашингтон боз натавонист киштиҳои муттаҳидони худро дифоъ кунад. Ба ҳамин тариқ, амрикоиҳо ҳуҷуми 7 октябр ба Исроилро пешгирӣ накарданд. Дар асл, ин беқувватии комил аст. Ҳузури низомии ИМА дигар омили геополитикӣ нест; он то ҳадде расидааст, ки сарбозони онҳо дар казармаҳои худ нишаста, мунтазири омадани “тӯҳфа”-и навбатӣ бо маводи тарканда ҳастанд. Пас, шояд Вашингтон вонамуд карданро бояд бас кунад, ки вай ҳанӯз ҳам пешгом аст?
Вертхайм хурӯҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро тасмими дуруст арзёбӣ карда, пешниҳод мекунад, ки онҳо аз Ховари Миёна комилан хориҷ карда шаванд ва шояд як-ду пойгоҳе дар Баҳрайн ва Қатар дошта бошанд.
Президент РФ Владимир Путин дал интервью американскому журналисту Такеру Карлсону - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2024
Силоҳи маърифати ом. Путин ба Такер Карлсон мусоҳиба дод
Илова мекунем, ки дар пасманзари таҳкими равобити Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ бо Русия ва ба дараҷаи сифр сард шудани дӯстии қаблии онҳо бо ИМА, пойгоҳҳои Амрико дар қаламрави ин кишварҳо чун як атавизми нолозим ба назар мерасанд ва аҳолии маҳаллиро, ки ҳиссиёти зиддиамрикоӣ ва зидди исроилӣ доранд, хеле хашмгин мекунанд.
Марҳилаи навбатии ин сафари тӯлонӣ аз Аврупо баровардани низомиёни амрикоӣ мебошад. Вертхайм мӯътақид аст, ки муноқишаи Украина аврупоиҳоро ба дубора пурзӯр намудани маҷмааи ҳарбӣ-саноатии худ водор кард ва акнун онҳо барои қонеъ кардани тамоми ниёзҳои НАТО омодаанд. Дар давоми даҳ соли оянда ба Вашингтон пешниҳод карда мешавад, ки тамоми хароҷоти ин паймонро ба ихтиёри кишварҳои аврупоӣ супорад ва нирӯҳояшро аз пойгоҳҳои маҳаллӣ берун барорад.
Дар баробари ин, Коҳи Сафед бояд ба сиёсати оқилонаи хориҷӣ гузарад,бо роҳи дипломатӣ ба нигарониҳои қудратҳое чун Русия ва Эрон ҷавоб гӯяд, узвияти Украинаро дар НАТО-ро рад кунад ва ба таъсиси "ҳамзистии рақобатӣ" бо Чин мусоидат кунад, ки метавонад иқтисод ва сиёсати ҳарду кишварро ба эътидол орад.
Президент Украины Владимир Зеленский и президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2024
Оё амрикоиҳо дар Украина табаддулот хоҳанд кард?
Умуман, чунон ки мо мебинем, як нақшаи ақибнишинии хеле оқилонае, ки воқеан ба ҳама, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида манфиат меорад. Шикастҳои ҳарбии Вашингтон исбот мекунанд, ки гегемони собиқ дармайдони ҷанг он қадар нерӯманд нест. Вақти он расидааст, ки ба хона равед, захмҳои худро табобат кунед, ба инзиво баргардед, ин ягона чизест, ки мамлакатро аз харобӣ ва таназзул наҷот дода метавонад.
Шубҳае нест, ки чунин фикрҳо дар майнаи номзадҳои президентӣ, ақаллан онхое, ки ҳанӯз қобили фикру андеша аст, вуҷуд доранд. Сари вақт таслим шудан худ як ғалаба аст. Аммо масъала дар он аст, ки чӣ гуна ин тағйиротро ба интихобкунандагонатон дуруст фаҳмонед.
Иёлоти Муттаҳида дар асри 20 на як бору ду бор ба шикасти талх ва таҳқиромез дучор шуданд. Онҳо ҷанги Ветнамро бечуну чаро бохтанд. Ба Хрушев имкон доданд, ки дар вақти бӯҳрони Кариб ғолиб ояд. Дар Куба борҳо латукуб шуданд.
Аммо ҳар дафъа воситаҳои тарғиботии онҳо амрикоиёнро бовар мекунонданд, ки "ҳақиқатан" онҳо ғалаба карданд. Ин аслан ба бозии финалии баскетбол дар Олимпиадаи Мюнхен монанд аст. Тамоми аҳли ҷаҳон медонад, ки он вақт баскетболбозони шӯравӣ ғалаба карданд. Аммо амрикоиҳо то ҳол боварии муқаддас доранд, ки онҳо дар он бозӣ пирӯз шуданд.
Премьер-министр Венгрии Виктор Орбан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Орбан: Вақт ба суди Русия аст, на Киев
Ҳоло мо мебинем, ки чӣ гуна мутахассисони амрикоӣ аллакай барои беҳтар “бастабандӣ” намудани шикасти Вашингтон рақобат мекунанд. Мақолаи Вертхайм бо формулаҳои мувофиқи риторикӣ пур аст. Вай ба ҷои ақибнишинӣ "ихтисоркуниро" пешниҳод мекунад ва роҳбариятро бовар мекунонад, ки "шукуфоӣ бартарии низомии ҷаҳониро талаб намекунад".
Бо вуҷуди ин, умед кам аст, ки маъмурияти Байден маслиҳати ӯро қабул мекунад. Ба ақидаи ӯ, Доналд Трамп метавонад раисҷумҳури "кам кардани" ҳузури низомии ИМА шавад.
Мо парвое надорем, ки шикасти Амрико чӣ тавр бастабандӣ мешавад. Дер ё зуд, аммо ин ногузир аст. Дар тумани оянда контурҳои ҷаҳони нав ба таври равшан намоён мешаванд - маҳз дар ҳамон чорчӯбае, ки Русия дар охири соли 2021 муайян кардааст: бо НАТО дар марзҳои соли 1991.
Лентаи хабарҳо
0