Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин: Артиши Русия дар мушкилтарин нуқтаҳои ҷабҳа ба пешрафт ноил гардид

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в мероприятиях по случаю 300-летия РАН
Президент РФ В. Путин принял участие в мероприятиях по случаю 300-летия РАН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2024
Обуна шудан
Президенти Русия барои далерию саҳмгузориҳо дар чархишҳои калидӣ дар ҷабҳаи амалиёти вижаи низомӣ воҳидҳои нерӯҳои ҳавоӣ - кайҳониро қадрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Артиши Русия дар душвортарин қисматҳои ҷабҳа ба гардишҳои калидӣ ноил гардид, ки ин, аз ҷумла, ба шарофати каҳрамонии ҷанговарони нерӯҳои ҳавоӣ - кайҳонии Русия аст.
Ин нуктаро президенти Русия, сарфармондеҳ Владимир Путин дар мулоқот бо намояндагони бахши нерӯҳои ҳавоӣ баён дошт.
Путин далерӣ ва шуҷоати низомиёни Нерӯҳои ҳавоии Русия дар ҷараёни амалиёти вижаи низомиро қайд кард. Президент ҳамчунин нерӯҳои ҳавоии Русияро бо Рӯзи муҳофизони Ватан табрик гуфт.
"Ба шарофати амалҳои қаҳрамонона ва омодагии бенуқсон дар душвортарин бахшҳои ҷабҳа ба гардиш расидан мумкин буд", - гуфт роҳбари давлат дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба ҷузъу томҳои низомии Қӯшунҳои кайҳонӣ.
Российская военная техника в Авдеевке в ДНР  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2024
Авдеевка пас аз набардҳои шадид бо нерӯҳои милатгарои артиши Украина - акс
Президенти Русия дар маросим, қисмҳои низомиро бо мукофотҳои давлатӣ табрик намуд.
Аз ҷумла Маркази асосии тайёрии ҷангӣ ва бозомузии кадрҳои нерӯҳои ҳавоӣ бо ордени Суворов мукофотонида шуд.
Ин ҷоиза барои амалиёти бомуваффақият алайҳи нерӯҳои душман дар хушкӣ ва ҳаво, иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар шароити бартарии душман аз рӯи шумораи қӯшунҳо, аслиҳа, инчунин барои ноил шудан ба муваффақиятҳои ҳарбӣ тақдим мегардад.
Ахиран Вазорати мудофиаи Русия иттилоъ дод, ки дар пайи амалиёт Авдеевкаро озод карда, нерӯҳои украиниро ба фирор водор намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0