Арманистон ширкати худро дар СПАД мутаваққиф кардааст

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия / Гузариш ба медиабонкВоенные Таджикистана и Армении из состава миротворцев ОДКБ вылетают в Казахстан
Военные Таджикистана и Армении из состава миротворцев ОДКБ вылетают в Казахстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2024
Обуна шудан
Пашинян бовар дорад, ки созишномаи амнияти дастаҷамъӣ дар бораи Арманистон иҷро нашуд ва Ереван ширкаташро дар ин созмон мутаваққиф кард
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Арманистон ширкати худро дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) мутаваққиф кард.
Дар ин бора сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии France24 изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар робита ба Арманистон иҷро нашуд ва Ереван ширкаташ дар ин созмонро мутаваққиф кард.
"Ба андешаи мо, созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ дар робита бо Арманистон, бахусус солҳои 2021-2022 иҷро нашуд ва ин ба мо бетаъсир намемонд. Мо иштироки худро дар ин созишнома қатъ кардем. Бубинем, баъд чӣ мешавад", - гуфт Пашинян.
Дар посух ба суол дар бораи эҳтимоли баста шудани пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, нахуствазир гуфт, ки "дар ҳоли ҳозир мо дар ин бора ҳарф намезанем".
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон маблағ ҷудо мекунад
СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ) пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1993 таъсис ёфт.
Арманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус узви созмон ҳастанд. Озарбойҷону Гурҷистон дар соли 1999 ва Ӯзбекистон дар соли 2012 созмонро тарк карданд.
Лентаи хабарҳо
0