Ӯзбекистон аз Тоҷикистон футболбоз харид

© Foto / Хадамоти матбуоти дастаи футболи "Ислочӣ"Футболист Шахром Самиев
Футболист Шахром Самиев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2024
Обуна шудан
Қаблан ин футболбоз дар дастаҳои "Барқчӣ", "Помир", "Истиқлол", "Рубин", "Шериф", "Динамо-Авто", "Зимбру", "Торпедо-Жодино", "Ислоч" бозӣ карда буд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Шаҳром Самиев футболбозои тоҷик минбаъд фаъолияти худро дар тими "Андиҷон" -и Ӯзбекистон идома медиҳад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
"Ҳамлагари дастаҳои миллӣ ва олимпии Тоҷикистон Шаҳром Самиев фаъолияти худро дар тими "Андиҷон", ки шомили Суперлигаи Ӯзбекистон аст, идома медиҳад", - омадааст дар хабари ФФТ.
Манбаъ меафзояд, футболбози тоҷик бо тими нав шартномаи сесола имзо намудааст.
Қаблан Самиев дар дастаҳои "Барқчӣ", "Помир", "Истиқлол" (ҳама аз Душанбе), "Рубин" (Русия), "Шериф", "Динамо-Авто", "Зимбру" (ҳама аз Молдова), "Торпедо-Жодино", "Ислоч" (ҳар ду аз Беларус) бозӣ намуда буд. Охирин бошгоҳи ӯ"Милсами"-и Молдова мебошад.
Рустам Ятимов, голкипер национальной сборной Таджикистана: - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2024
Нархи Ятимов 300 ҳазору аз Ҳанонову Ҷӯрабоев - 100 ҳазор евроӣ гаронтар шудаст
Маврид ба зикр аст, ки Самиев аз соли 2019 дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 27 бозӣ анҷом дода, муаллифи 7 гол гардидааст.
Дар Ҷоми Осиё-2023 Самиев дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар панҷ бозӣ ширкат карда, 165 дақиқаро дар майдон сипарӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0