Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Кори ҷангии маҷмааи "Пансир С1" дар минтақаи амалиёти вижа - видео

Обуна шудан
Взорати дифои Русия амалиёти маҷмааи зиддиҳавоӣ ва мушакӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ дар Донбассро нишон дод, ки аз муосиртарин дар ҷаҳон мебошад
Ҳайати маҷмааи зиддимушакӣ ва силоҳи зиддиҳавоии "Пансир-С1" фазои ҳавоии мавқеъҳои таҳти назорати Русияро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ шабонарӯзӣ назорат мекунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати дифои Русия хабар додааст.
Зимнан зикр мегардад, ки системаи зиддимушакӣ ҳомили ду тупи қутрашон 30 миллиметрӣ бо 1400 тир ва 12 мушаки зиддиҳавоӣ мебошад.
Ба шарофати ин, силоҳи Пансир имкон медиҳад, ки ба ҳама гуна василаи ҳамлаи ҳавоӣ дар доираи муқарраршудаи амалиётӣ зарба зада шавад, таъкид кард хадамоти матбуотӣ.
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина изҳороти ғайричашмдошт карданд
"Руҳияи аъло, барои мубориза! Душман бешубҳа мағлуб мешавад, ин танҳо вақт мехоҳад. Ғалаба аз они мо хоҳад буд!" — боварӣ дорад чонишини сардори экипаж ва оператори системаи мудофиаи хавоии "Пансир-С1".
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0