Президент ва мудир дар бошгоҳи "Вахш" таъйин шуданд

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонШарифзода Зайнулло Маҳмадулло директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарифзода Зайнулло Маҳмадулло директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2024
Обуна шудан
Муҳсин Муҳаммадиев, ки бозигари собиқи дастаи овозадори "Помир" ва собиқ сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон ба дастаи "Вахш" гузашт
ДУШАНБЕ, 26 фев – Sputnik. Зайнулло Шарифзода президенти нави "Вахш" ва Муҳсин Муҳаммадиев мудири даста таъйин шудаанд.
Ба иттилои ФФТ, дар шаҳри Бохтар ҷаласаи васеи бошгоҳ баргузор шуда, дар он роҳбарияти нави қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Зайнулло Шарифзода, ки дар гузашта раиси корхонаи "Сементи тоҷик" буда, роҳбарии Агентии хариди давлатии молу хизматрасонии назди ҳукуматро ба уҳда дорад, ҳамакнун президенти нави "Вахш" аст.
Владимир Гулямхайдаров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2024
"Пелеи тоҷик" - Ғуломҳайдаров: 5 далел дар бораи футболбоз ва мураббии машҳур
Мутахассиси маъруф Муҳсин Муҳаммадиев ба ҷойи Исроил Шарифов, ки давоми 30 сол дар бошгоҳи мазкур кор намуд, директори даста таъйин шуд, афзуд ФФТ.
Ба Исроил Шарифов аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шаҳрдории Бохтар барои корҳои анҷомдода Сипоснома тақдим гардид.
Роҳбарияти нави "Вахш" дар назди даста вазифа гузошт, ки ба лигаи олии чемпионати Тоҷикистон баргардад ва анъанаҳои бошгоҳ – барои ҷоизаҳо мубориза бурдан ва бозигаронро барои яккачини Тоҷикистон омода карданро идома диҳад.
Ахиран Тоҳирҷон Муъминов, собиқ сармураббии дастаи - "Равшан"-и Кӯлоб ба ҳайси сармураббии дастаи лигаи якуми Тоҷикистон - "Вахш" таъйин гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0