Марсинкевич: Партовҳои урандор дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз масъалаи доғ аст

© SputnikРадиоактивная свалка в Истиклоле (бывший Табошар)
Радиоактивная свалка в Истиклоле (бывший Табошар) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2024
Обуна шудан
Дар қаламрави Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳудуди 1 млрд тон партовҳои урандор мавҷуданд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Кишварҳои Осиёи Миёна давоми тақрибан 40 сол манбаи асосии уран барои маҷмаи ҳастаии Иттиҳоди Шӯравӣ буданд ва безараргардонии партовҳои он то ҳол аз масъалаҳои доғ мебошад.
Ин нуктаро сармуҳаррири "Геоэнергетика Инфо" Борис Марсинкевич дар суҳбат бо Sputnik баён дошт.
Вай гуфт, дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа ҳудуди 1 млрд тонна партовҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои уран мавҷуд аст, ки ниёз ба безараргардонӣ доранд.
Ин рақам астрономӣ ба назар мерасад, аммо тааҷҷубовар нест, чун ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ таъминкунандагони асосии захираҳои маҷмааи силоҳи ҳастаии Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, тавзеҳ дод ӯ.
Вай таъкид намуд, ки нахуст дар доираи ИИАО ва баъдан берун аз он барномаи махсуси байнидавлатӣ барои безараргардонии партовҳо қабул гардид, ки аз ҷумлаи нахустин тарҳҳои анҷомшуда дар Табоошар буд.
Промышленная площадка Табошар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
Росатом боз 3 "гӯристонҳои уран" дар Суғдро безарар мекунад
Манбаъ афзуд, ки рӯйпӯшгардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар Табошар, ки тирамоҳи соли гузашат анҷом шуд, дар доираи барномаи байнидавлатии "Барқарорсозии ҳудудҳои давлатҳои аз истихроҷи уран зарардида" амалӣ гардид, ки аз ҷониби "Росатом" татбиқ шуд.
Барнома барои ҳалли мушкилоти марбут ба оқибатҳои радиоактивию экологӣ ва партовгоҳҳои уран дар қаламрави ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, ки ба барнома пайвастаанд, таҳия шудааст.
Дар Тоҷикистон партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро "гуристонҳои уран" ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Восторкредмед", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон - Чкалови пештара, дар қарни гузашта ба вуҷуд омада дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.
Қисмате аз ин партовгоҳҳо безарар гардонда шуда, чорабиниҳо барои анҷоми пурраи корҳо дар ин самт идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0