Мусобиқаи дигари бузурги ҷаҳонӣ ба Душанбе оварда мешавад

© SputnikГран-при по дзюдо в Душанбе
Гран-при по дзюдо в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2024
Обуна шудан
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо Федератсияи байналмилалии ин риштаи варзиш созиш кардааст, ки мусобиқаи сатҳи ҷаҳониро дар Душанбе гузаронад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонону наврасон дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Созиш дар ин бораро дар шаҳри Тошканд президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Исмоил Маҳмадзоир бо намояндагони Федератсияи байналмилалии ҷудо имзо кардааст.
"Моҳи октябри соли ҷорӣ Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавононро қабул мекунад” - иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ин дуюмин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии ҷудо хоҳад буд, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад.
Аз ҷумла нахустин "Dushanbe Grand Slam 2024" рӯзҳои 3 - 5 май баргузор мешавад. Зӯрозмоиҳо дар қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе сурат мегиранд.
Таджикский дзюдоист Эмомали Нурали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2024
Ҷудокорони тоҷик Tashkent Grand Slam-ро бо як тило ҷамъбаст карданд: Кӣ бурду кӣ бохт?
Интизор меравад, ки минбаъд дар ҳамоҳангӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 2024 пойтахти Тоҷикистон мизбони яке аз мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта мусобиқаи "Dushanbe Grand Prix 2023" пойтахт баргузор шуда буд ва соли равон низ "Dushanbe Grand Prix 2024" дар назар буд.
Аммо Федератсияи ҷаҳонии ҷудо онро ба "Dushanbe Grand Slam 2024" тағйир дод, ки сатҳи баргузории мусобиқаҳои Grand Slam аз Grand Prix боло буда, паҳлавонони сатҳи ҷаҳонӣ ба он бештар таваҷҷуҳ доранд.
Интизор меравад, ки дар арафаи Бозиҳои Олимпии Париж - 2024 беҳтаринҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянду барои имтиёзҳои олимпӣ зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0