Тоҷикистон бори дигари хостори оташбаси фаврӣ дар Фаластин шуд

© Сомонаи СҲИСироҷиддин Мухриддин, глава МИД Таджикистана
Сироҷиддин Мухриддин, глава МИД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2024
Обуна шудан
Тоҷикистон бори дигари хостори оташбас дар Фаластин шуд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост то иқдомоте барои дастёбӣ ба сулҳ дар минтақа аз тариқи гуфтугӯ анҷом диҳад
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Даъвати мақомдорони Тоҷикистон ба сулҳ дар Фаластин дар Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷидда садо дод.
Вазири корщои хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти фавқулоддаи созмони мазкур аз ҷомеаи ҷаҳонии хост, то иқдомоти муассире барои оташбаси фаврӣ дар Фаластин ва дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар минтақа аз тариқ гуфтугӯ анҷом диҳад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз қатъномае ки хостори "оташбаси башардӯстонаи фаврӣ, доимӣ ва пойдор" дар навори Ғазза буд , ҳимоят кард.
Тоҷикистон дар октябри 2023 аз қатъномаи мушобеҳе ҳимоят карда буд.
Встреча глав МИД РФ и Индии С. Лаврова и С. Джайшанкара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2024
Лавров гуфт, ки чаро таъсиси давлати мустақили Фаластин муҳим аст
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар нишаст муштараки иттиҳодияи кишварҳои арабӣ ва Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Риёз дар 11 ноябри 2023 куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва тахриби зерсохтҳои ҳаётӣ дар Ғаззаро маҳкӯм карда буд.
Вай ҳамчунин аз ташкили кишвари Фаластин дар марзҳои 1967 ба пойтахти Байтулмуқаддаси шарқӣ ҳимоят карда буд.
Созмони Ҳамкории Исломӣ нишасти изтирории вузарои хориҷаи кишварҳои исломиро ахиран дар шаҳри Ҷидда барои баррасии авзоъи Ғазза баргузор кард.
Лентаи хабарҳо
0