Мақомоти Суғд барои ҷалби сармояи хориҷӣ бузургтарин форуму ярмарка ташкил мекунад

© Foto / Хадамоти матбуоти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ)Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики (ТГУ ПБП) в Худжанде
Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики (ТГУ ПБП)  в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2024
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузор форуми байналмилалӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар Суғд​ ярмарка ва форумҳои байналмилалӣ баргузор мешавад, иттилоъ додааст ҳукумати вилояти Суғд.
Қарори дахлдори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади рушди иқтисод ва савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ, воридоти технологияи муосир, муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилоят ярмарка ва форумҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.
Манбаъ қайд кардааст, ки ин чорабиниҳо дар моҳҳои апрел, июн ва сентябр гузаронида мешавад.
Бизнес-форум предпринимателей Таджикистана и Свердловской области Российской Федерации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2023
Тоҷикистон бо як вилояти Русия созишномаҳои бузурги тиҷорӣ баст: тафсилот
Ҳамин тавр, рӯзҳои 18-20 апрел Форуми якуми байналмилалии "Суғд-чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим", рӯзҳои 17-19 июн Ярмаркаи даҳуми​ байналмилалии савдо​ "Суғд-2024" ва 27-29 сентябр Форуми дуюми байналмилалии "Сармояи инсонӣ ҳамчун манбаи рушди иқтисодиёт" баргузор хоҳад шуд.
Дар ярмарка ва форумҳо намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои тиҷоративу соҳибкорӣ, ширкату ташкилотҳои соҳаи сайёҳии кишварҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0