Арзон шуд: Эълони арзиши Ҳаҷ-2024 барои зоирини тоҷик

© AFP 2023Саудовская Аравия принимает сокращенный хадж
Саудовская Аравия принимает сокращенный хадж  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2024
Обуна шудан
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ нархи ҳаҷ барои зоирони тоҷик каме арзонтар шудааст
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Арзиши "Ҳаҷ-2024" барои ҳар зоири тоҷик 57 ҳазор сомонӣ хоҳад буд.
Дар ин бора Кумитаи дини кишвар хабар дода гуфтааст, ки он дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар муайян карда шуд.
Чунин нишондиҳанда дар қиболи соли қаблӣ 2000 сомонӣ камтар аст.
Ин дар ҳолест, ки соли қабл нархи ҳаҷ 59 ва соли 2022 ҳудуди 61 ҳазор сомонӣ ва ё 5350 доллар муайян шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур барои харидории билети ҳавопаймо, иҷораи меҳмонхона дар Маккау Мадина, таъмини хӯроки севақта, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ сарф хоҳад шуд.
Ҳамчунин таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо низ аз ин маблағ хоҳад буд.
Кааба  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2024
Тоҷикистону Саудӣ дар мавриди Ҳаҷ-2024 созишнома имзо карданд: Чанд нафар меравад?
Гуфта мешавад, ки довталабони сафари ҳаҷ тибқи рӯйхат маблағҳои худро ба таври ғайринақдӣ тавассути филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк” пардохт карда метавонанд.
"Сафарбарнамоии довталабон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст",- афзудааст манбаъ.
Имсол бар асоси қарордоди Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 7 ҳазор шаҳрванди кишвар ҳаққи сафар ба зиёрати Хонаи Худоро дорад.
Лентаи хабарҳо
0