Таъсири нархи об: деҳқонон аз мушкили токпарварӣ мегуянд масъулин аз пардохти пули барқ

Обуна шудан
Кишоварзон дар вилояти Суғд мегуянд, якбора 150% баланд шудани нархи оби полезӣ кору заҳмати боғу токпарвариро барои онҳо мушкилтар мекунад
Нархи оби полезӣ дар Тоҷикистон аввали соли ҷорӣ баланд шуд.
Ҳамакнун ҳар 1 куб метри он 5 дирам муқаррар шудааст. Дар ҳоле, ки то кунун нархи он 2 дирам буд.
Кишоварзони ангурпарвар мегуянд, болоравии нархи оби полезӣ ба мушкилтар шудани кори онҳо боис мегардад.
Абдураззоқ Муъминов, деҳқони ангурпарвар ва роҳбари хоҷагии деҳқонии “Зархез” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, ба замини онҳо об аз масофаи дур ҷорӣ мешавад. Баааландшавии нарх, кору заҳмати онҳоро мушкилтар мегардонад.
Мирзиёев роҳи наҷоти Осиёи Миёна аз хушксолиро гуфт: Нақшаи раисҷумҳури Ӯзбекистон
“Пештар нархи як соат об 20 сомонӣ буд, ҳоло акнун 50 сомонӣ кардаанд. Деҳқонҳо водор мешаванд, ки минбаъд ба ҷойи 4 соат 3 соат ва аз ин камтар ба токзорҳояшон об хоҳанд монд. Дар чунин ҳол дарахтони ток эҳтимол ба мушкили камобӣ дучор хоҳанд шуд. Дарахти ток (ангур) як бор аз об камобӣ кашад, аз сабзиш мемонад” – иброз намуд, ангурпарвар.
Масъулин дар вилояти Суғд сабаби болоравии нархи обро ба баландшавии қимати барқ марбут медонанд.
Аминҷон Абдуллозода, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд мегуяд, давоми 10 – 15 соли охир, то 10 мартиба нархи барқ баланд шуд ва ба ин ҳол идораҳои обрасонӣ ба мушкили молӣ дучор шуданд.
“Барои мисол соли 2023 агар наздик ба 80 миллион сомонӣ барқ истифода бурда бошем, пули хизмати обрасонӣ наздик 30 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мо ҳама маблағи ҳаққи обрасониро чида ба барқ супорем ҳам 50 % и масрафи барқро пардохт карда наметавонем” – гуфт, сардори идораи об.
Беобӣ - мушкилоти №1 дар Зафаробод
Дар ҳамин ҳол баъзе аз масъулони Идораи кишоварзии Суғд ҷорӣ намудани имтиёзҳои барқрасонӣ ба идораҳои обрасониро муҳим мешуморанд. Ба гуфтаи масъулин ҳоло 80% и пойгоҳҳои обкашии қаламрави ин вилоят, ки бозмонда аз замони шӯравиянд, бидуни барқ фаъол кардани онҳо ғайриимкон аст. Дар сурати фаъол нашудани пойгоҳҳои обкашӣ, хушкшавию талафёбию заминҳои зироат эҳтимол хоҳад дошт.
Коршиносони масоили кишоварзӣ мегуянд, дар баробари сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ баланд шудани нархи оби полезӣ ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсир расонида сабаби гароншавии нархи маҳсулот дар бозорҳо хоҳад гардид.
Лентаи хабарҳо
0