Ҷашни Наврӯз бо ҳузури чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар сафорати Эрон – видео

Обуна шудан
Дар сафорати Эрон дар Душанбе бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии Тоҷикистон ва ҷамъи эрониёни муқими ин кишвар Наврӯз таҷлил гардид
Ахиран дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон, маросими бошукӯҳи ҷашни иди Наврӯзи бо ҳузури муовини вазир ва теъдоде аз мудирони вазорати умӯри хориҷа баргузор шуд.
Ҳамчунин дар ин ҷашни бошукӯҳ бархе аз намояндагони порлумон, вазоратхонаҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ, нухбагони илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии Тоҷикистон, суфаро ва дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ ва ҷамъи эрониёни муқими ин кишвар дар шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Саодату беҳрузӣ орзӯ дорам: Табрикоти вазири хориҷаи Эрон ба ҳамтои тоҷикаш
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Эрон бо ирсоли паёме, фаро расидани Наврӯзро ба ҳамтои тоҷики худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт.
Сайид Иброҳими Раисӣ раисҷумҳурии Эрон дар паёмаш иброз доштааст, ки равобити ду кишвар беҳтару густурдатар хоҳад шуд.
Табрики наврузии Раисӣ ба Раҳмон
“Умедворам бо омадани эътидоли баҳорӣ ва шукуфо шудани табиату дигаргунии замин, хасоиси неку писандида дар дилу ҷони ҳамаи инсонҳо шукуфо гашта ва палидиву нопокиҳо аз рафтору кирдори башар рахт барбандад ва таҳаввули амиқ дар аҳволи одамиён падидор гардад то шоҳиди рушду камоли ҷомеъа башарӣ бошем”, - қайд кардааст Раисӣ.
Лентаи хабарҳо
0