Ҳукми қатли террористон ғайриимкон аст: Киселёв гуфт, азми қасос набояд хирадро тира кунад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкГенеральный директор медиагруппы "Россия сегодня" Дмитрий Киселев
Генеральный директор медиагруппы Россия сегодня Дмитрий Киселев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2024
Обуна шудан
Барои исрор ба ҳукми қатли муттаҳамон дар амали террористии Крокус, бояд аз принсипҳои бунёдии Конститутсияи Русия, ки давлати ҳуқуқбунёд аст, даст кашид
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ташнагии интиқом набояд ақлро хира кунад, чун маҳкум кардани афроди муттаҳам дар ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл дар наздикии Маскав ба қатл ғайриимкон аст.
Ин нуктаро директори генералии гурӯҳи байналмилалии расонаҳои "Россия сегодня", Дмитрий Киселёв дар р шабакаи телевизионии "Россия 1" хабар дод.
Ӯ қайд кард, ки касе бо террористон ҳамдардӣ надорад, аммо қонун қувваи бозгаштро соҳиб нест.
Главы и сотрудники зарубежных дипмиссий у мемориала в память о жертвах теракта в Крокусе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2024
Гулмаҳмадзода дар қатори дипломатҳои хориҷӣ назди "Крокус" гул гузошт
"Амали даҳшатноки террористӣ дар Красногорск боиси доғи даҳшатноки тамоми ҷомеа гардид. Ба ин бадбахтҳо касе ҳамдардӣ намекунад. Маълум аст, ки мо ҳоло қасос гирифтан мехоҳем ва дар ҷомеа боз як мавзӯъе ба мисли ҳукми қатл ба миён омадааст, ки террористони дастгиршуда бояд ба эъдом маҳкум шаванд”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, ҳатто агар имкони ҳукми қатл ҳоло баргардонида шавад ҳам, чаҳор нафари муттаҳам дар куштори дастаҷамъӣ наметавонанд ба эъдом маҳкум шаванд, зеро қонун қувваи бозгашт надорад.
Ба эътиқоди ӯ, агар ба ҳукми қатл исрор шавад, бояд аз принсипҳои бунёдии Конститутсияи Русия, ки давлати ҳуқуқбунёд аст, даст кашид, ки бо вуҷуди тамоми ғаму андӯҳ, ҳеҷ кас инро намехоҳад.
Киселёв афзуд, ки террористон метавонанд дар колонияи режими махсус маҳкум шаванд, ки шароити он ҷо таврест, ки "зиндаҳо ба мурдаҳо ҳасад мебаранд".

Амали террористӣ дар "Крокус сити холл"

Ҳамла ба толори консертии Крокус сити холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.
Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.
Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Муттаҳамон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, гуфта мешавад, ки қасди фирор ба Украинаро доштаанд.
Додгоҳи Басмани Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Мақомот мегӯянд, дар маҷмӯъ дар ин парванда 11 нафар боздошт шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0