Шикасти Устопириён ва Маҷидов дар мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024

© Таджикская федерация дзюдоКомроншох Устопириён
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2024
Обуна шудан
Чаҳор паҳлавони тоҷик дар рӯзи охири мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 вориди майдон шуданд, аммо шикаст хӯрданд. Тоҷикистон дар ин мусобиқа 2 медал гирифт
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҷудокорони тоҷик, Умедҷон Раҷабов, Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Парвиз Абдураҳмонов дар шаҳри Анталияи Туркия ноком гардида, аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуданд.
Устопириён (-90 кг) дар даври аввал муқобили Ҷамол Петграви бритониёӣ зафар ёфта, дар даври дуюм бар ҳарифи сарсахташ Ван т Энд Ноели нидерланди бо се огоҳӣ дастболо гардид, аммо дар даври сеюм бо иппон аз ҷудокори маҷорӣ Петер Сафрани шикаст хӯрд.
Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) дар даври аввал бар Зелимхан Башаеви баҳрайнӣ ва дар даври дуюм бар Аднан Килики мизбон дастболо шуд. Дар даври сеюм бо се огоҳӣ аз Леонардо Гонсалвеси бразилӣ бохт гирифт.
В Бишкеке прошел международный полумарафон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2024
Душанбе ба ифтихори Рӯзи пойтахт мусобиқаи байналмилалӣ ташкил мекунад
Абдураҳмонов (-100 кг) дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бо имтиёзи иппон аз ҷудокори украинӣ Антон Савютский мағлуб гардид. .
Умедҷон Раҷабов бошад, дар вазни то 90 кг дар даври аввал аз Нгайап Ҳамбоуи фаронсавӣ шикаст хӯрд.
Ҳамин тариқ намояндагони Тоҷикистон бо медали нуқраи Эмомалии Нуралӣ (-66 кг) ва медали биринҷии Обид Ҷебов (-66 кг) аз мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 бармегарданд.
Мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024 мебошад, ки аз 3-юм то 5-уми май дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0