Ҳушдори президенти Эрон ба Исроил

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Ирана Эбрахим Раиси
Президент Ирана Эбрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Эрон гуфт, Исроил бояд дарк кунад, ки бо чунин амалҳои ғайриинсонӣ ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои нопоки худ намерасад ва шоҳиди таҳкими муқовимат хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ҳамлаи Исроил ба консулгарии генералии Эрон дар Димишқ беҷавоб нахоҳад монд, гуфт раисҷумҳурии исломии Эрон, Иброҳим Раисӣ навиштааст хабаргузории Tasnim.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Эрон таъкид намуд, ки Исроил бояд дарк кунад, ки бо чунин амалҳои ғайриинсонӣ ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои нопоки худ намерасад ва шоҳиди таҳкими муқовимат хоҳад шуд.

"Исроил бо чунин амалҳои ғайриинсонӣ ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои нопоки худ намерасад ва рӯз то рӯз шоҳиди таҳкими фронти муқовимат, бадбинию нафрати миллатҳои озод нисбати табиати ғайриқонунии худ мегардад", - гуфт Раисӣ.

Вай ҳушдор дод, ки "ин ҷинояти тарсуёнаи Исроил беҷавоб намемонад". гуфт ӯ.
Бар асоси изҳороти Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, дар ҳамлаи исроилӣ ҳафт афсари ин ниҳод, аз ҷумла ду мушовири аршади генералӣ - Муҳаммадризо Зоҳидӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудс дар Сурия ва Лубнон ва ҷонишини у генерал Муҳаммад Раҳимӣ кушта шудаанд.
Интизор меравад, ки Шӯрои амнияти СММ нишасти ғайринавбатӣ дар робита ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эронро баргузор мекунад.
Последствия израильских авиаударов по городу Рафах  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2024
Паёмади зарбаи Исроил ба шаҳри Рафаҳ - аксҳо
Дар пайи ин ҳамла бинои консулгарӣ дар Димишқ аз зарбаҳои мушакҳо пурра хароб шудаст.
Вазорати умури хориҷаи Эрон аз Созмони ҳамкориҳои исломӣ хост, ки алайҳи Исроил тадобири фаврӣ биандешад. Теҳрон таъкид намудаст, ки ҳаққи ҷавоби қатъӣ ба ин зарбаи Исроилро дорад.
Дар ҷавоб дар Эрон ҳамоиши эътирозӣ баргузор шуда, парчамҳои Амрико ва Исроилро оташ заданд.
Лентаи хабарҳо
0