Дар Суғд чанд нафар ҷойи кор ёфту чанди дигар бекор аст?

© пресс-служба главы РТПредприятие по выпуску канцтоваров в Худжанде
Предприятие по выпуску канцтоваров в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2024
Обуна шудан
Дар омори корҷӯён дар вилояти Суғд, 170 собиқ маҳбус низ шомил буда, 55 нафар аз ин шумора бо кор таъмин шуда ва 105 нафари дигар кумакпулӣ гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Давоми се моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Суғд қариби 11 ҳазор нафар барои дарёфти ҷойи кор ба идораҳои шуғл муроҷиат кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 400 нафар зиёд аст.
Дар ин бора сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Шермуҳаммад Нодирӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ки дар ин давра аз теъдоди умумии муроҷиаткунандаҳо наздики 5,3 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
"Аз омории умумӣ аз ҷумла 548 нафар тавассути квота ба шуғл фаро гирифта шуда, 180 нафар аз қарзҳои имтиёзнок бархӯрдор гардида ва ба 1345 нафар кумакпулии яквақта дода шудааст" – гуфт, Нодирӣ.
Ин манбаъ иттилоъ дод, ки дар омори корҷӯён, 170 собиқ маҳбус низ шомил буда, 55 нафар аз ин шумора бо кор таъмин шуда ва 105 нафари дигар кумакпулӣ гирифтаанд.
Сотрудники коммунальных служб расчищают дороги после снегопада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2024
Бештари бекорон дар Тоҷикистон мардон мебошанд
Тибқи муқаррарот ба онҳое, ки расман дар пайдо намудани ҷои кор ба мушкил мувоҷҷеҳ мешаванд кумакпулӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ барои се моҳ пардохт карда мешавад. Давоми се моҳи соли ҷорӣ дар умум ба 1345 нафар корҷӯён беш аз 1,1 млн сомонӣ пардохт шудааст.
Масъулони идораҳои шуғл дар навоҳии Суғд давоми се моҳи соли ҷорӣ 82 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ баргузор кардаанд.
Бино ба иттилои Идораи шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, зимнан қариби 6,5 ҳазор нафар ҳамчун бекор расман сабт шудаанд, ки ин рақам нисбат ба ин давраи соли қаблӣ 0,1% ва ё 39 нафар афзудааст.
Дар поёни соли 2023 масъулин мизони бекориро ба 1% баробар медонистанд, ки ин рақам аз ҳисоби аҳолии дар иқтисодиёт фаъол оморбандӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0