Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати мудофиа: Пайвастани ихтиёриён дар Русия ба амалиёти вижаи низомӣ афзоиш ёфт

© Sputnik / Виктор Антонюк / Гузариш ба медиабонкВоенные в рамках спецоперации на Украине
Военные в рамках спецоперации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2024
Обуна шудан
Ҳамарӯза дар саросари Русия то 1,7 ҳазор ихтиёриён ба нуқтаҳои интихобӣ меоянд, то ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар бипайванданд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Аз аввали соли равон ҳудуди 100 ҳазор нафар тибқи шартнома ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Русия.
"Аз аввали соли ҷорӣ аллакай беш аз 100 ҳазор нафар тибқи қарордод дар Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ба хизмати ҳарбӣ дохил шуданд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Манбаъ таъкид кард, ки дар якуним ҳафтаи охир дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия теъдоди хоҳишмандоне,, ки тибқи қарордод ба хидмати ҳарбӣ шомил шудан мехоҳанд, ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
Ҳамарӯза дар саросари кишвар то 1,7 ҳазор ихтиёриён ба нуқтаҳои интихобӣ меоянд ва тайи даҳ рӯзи ахир ҳудуди 16 ҳазор нафар шаҳрвандон барои ширкат дар амалиёти вижа қарордод имзо кардаанд, илова намуд Вазорат.
Селекторное совещание Министерства обороны РФ.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу талафоти Украина аз аввали солро эълон кард
Дар ҳамин ҳол, бештари ихтиёриён дар рӯзҳои охир ангезаи аслии пайвастан ба артишро хоҳиши гирифтани интиқоми кушташудагон дар ҳамлаи террористии "Крокус Сити Холл" медонанд, афзуд вазорат.
Моҳи март вазири дифоъ Сергей Шойгу хабар дод, ки то охири соли 2024 Қувваҳои Мусаллаҳ нақша доранд, ки ду артиши муттаҳидаи мусаллаҳ ва 30 воҳид, аз ҷумла 14 дивизия ва 16 бригада ташкил кунанд.
Ахиран Вазорати дифои Русия хабар дод, ки талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз аввали сол беш аз 80 ҳазор нафарро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0