Иди Фитр дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт - видео

Обуна шудан
Рӯзи 10 апрел, ки аз ҷониби Шӯрои уламои Тоҷикистон иди Фитр эълон шудааст, дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз намози дастаҷамъӣ дар масоҷид оғоз шуд
Масҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ва назди он саҳни бозори "Панҷшанбе" низ субҳи рӯзи 10 апрел серодам буд.
Ҳазорон тан намозгузорони маркази вилоят барои адои намози ид ба ин макон омаданд.
Дар масҷиди марказии ҷомеи Душанбе намози идона соати 06:30 дақиқа баргузор гардид. Чунин ҳолат дар қишлоқи Басмандаи ноҳияи Деваштич низ ҷой дошт.
Баробари намоз дар иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад.
Дар намози иди Маскав ҳамла дар "Крокус"-ро маҳкум карданд - видео
Дар рӯзҳои ид барои мардум фаҳмонда шуд, ки дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ороста, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
Фаромӯш набояд кард, ки идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд, балки як маросими сирф маънавӣ, яъне аёдат, зиёрат, гиромидошти хотираи гузаштагон, дар ҳаққи онҳо дуо кардан ва ба ҷо овардани шукронаи оромиву осоиш ва сулҳу суботи кишварамон мебошанд, изҳор дошта буд ахиран раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон.
Падару модарон ба ҷойи оростани дастархони исрофкоронаи рӯзи ид, яъне ба ҷойи харҷу исрофи намоишкоронаи якрӯза бояд дар фикри он бошанд, ки ҳар рӯз барои аҳли оила ва фарзандонашон фазои идона муҳайё созанд, то онҳо эҳсос кунанд, ки ҳар рӯз барояшон ид аст, таъкид кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0