Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Пешниҳоди даъвати занон ба артиш дар Украина

© AP / Michal DyjukУкраинские военнослужащие
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2024
Обуна шудан
Мушовири қувваҳои мусаллаҳи Украина бовар дорад, ки дар шароити камбуди одамон барои сафарбарсозӣ ба хидмати ҳарбӣ даъвати занон мушкилро ҳал хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Киев бояд занонро ба артиш ҷалб кунад, ҳамон тавре ки дар Исроил сурат мегирад, изҳор доштаст мушовири фармондеҳи нерӯҳои заминии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар умури гендерӣ, Оксана Григорева, ба рӯзномаи Times.
"Дар конститутсияи мо гуфта шудааст, ки ҳар як украинӣ вазифадор аст, ки Ватани худро дифоъ кунад, аз ин рӯ барои занон низ хизмат кардан дуруст мебуд", - гуфтаст ӯ.
Вай афзудаст, ки ба монанди Исроил бояд дар Украина ҳам мардон ва ҳам занонро тамрин дод, ки то онҳо ба ҷанг омода бошанд.
Ба андешаи мушовир, Украина бояд барои он омода шавад, ки дар солҳои наздик занонро сафарбар кунад, ки барои ҳалли масъалаи нарасидани кадрҳо зарур аст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир 65 ҳазор зан дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина хидмат мекунанд, ки ин рақам аз соли 2021 тақрибан 40% афзоиш ёфтааст.
Повреждённый флаг Евросоюза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2024
Cӯзандоруи марг: дар Ғарб усули нави коҳиш додани аҳолиро ёфтанд
Маврид ба зикр аст, ки дар Украина ҳеч наметавонанд лоиҳаи қонун дар бораи сафарбаркуниро қабул кунанд.
Варианти якум барои таҷдиди назар фиристода шуда, дуюмаш дар аввали моҳи феврал дар хониши якум қабул карда шуд. Бар хилофи варианти қаблӣ, он даъвати маъюбонро ба артиш пешбинӣ намекунад, балки худи ин равандро ба таври қобили мулоҳиза сахттар мекунад.
Тибқи тарҳи нав, афроди ба хидмати ҳарбӣ муваззафшуда бояд дар муддати 60 рӯз пас аз эълони сафарбарӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шаванд ва сабти номи худро мушаххас кунанд. Даъватномаро тавассути суроға электронии даъватшаванда фиристодан мумкин аст.
Ин тарҳ ҳамчунин шаҳрвандони аз 18 то 60-соларо муваззаф кардааст, ки дар давраи сафарбарӣ бо худ асноди сабти номи ҳарбӣ дошта, бо дархости кормандони комиссариати ҳарбӣ, пулис ва нерӯҳои марзбонӣ пешниҳод кунанд.
Лентаи хабарҳо
0